Осиёи МарказӣҶомеа

Дар Афғонистон шумораи беморони COVID-19 дар як моҳ 24 маротиба афзудааст

Бемории ҳамагири COVID-19 дар Афғонистон аз назорат хориҷ мешавад: шумораи гирифторон дар ин кишвар тайи як моҳи охир 24 маротиба афзудааст, беморхонаҳо серодаманд ва камбуди захираҳои тиббӣ ба назар мерасад.

Тибқи иттилои Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC) беш аз сеяки озмоишҳо дар  ҳафтаи гузашта натиҷаи мусбат доданд.

“Афғонистон дар марҳилаи муҳими мубориза барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бемории COVID-19 қарор дорад, зеро дар беморхонаҳои Кобул барои қабули беморон катҳои холӣ боқӣ намондаанд” – гуфт  иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон Нилоб Мубориз.

“Ин хурӯҷ ба мақомоти ин кишвар, ки дар он миллионҳо нафар дар фақр ба сар мебаранд ва манбаъҳои тандурустӣ бениҳоят маҳдуданд, фишори ҷиддӣ эҷод мекунад,”- қайд мекунад Reuters.

IFRC ҳушдор дод, ки набудани дастрасӣ ба воксинҳо ва дудилагии Ҳукумат вазъро шадидтар мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар Афғонистон шумораи ночизе аз аҳолӣ – камтар аз 0,5 фоизи шаҳрвандони воксин гирифтаанд.

Тибқи омори расмӣ то ба имрӯз дар ин кишвар беш аз сад ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаанд ва бештар аз чор ҳазор ҷони худро бохтаанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *