АхборҶаҳонҶомеа

Дар Маскав воксингузаронии озмоишии муҳоҷирон бо “Sputnik Light” оғоз ёфт

Мақомоти Маскав ба нақша гирифтаанд, ки воксингузаронӣ алайҳи коронавирусро барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрастар намуда, онро ба гурӯҳҳои дигари шаҳрвандони хориҷӣ низ густариш диҳанд.

Дар ин бора INTERFAX.RU бо истинод ба мусоҳибаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин бо хабарнигорон иттилоъ медиҳад.

“Қадами дигаре, ки мо гузоштем, ин озмоиши системаи эмгузаронӣ барои муҳоҷирон аст. Дар марҳилаи аввал, мо воксини “Sputnik Light”-ро истифода кардем. (…) Ваксинзании муҳоҷирон аз тариқи озмоишӣ, бо дархости корфармоён бар асоси талаботи фармони Сардухтури давлатии беҳдоштии Маскав сурат мегирад. (…) Дар оянда мо ин низомро соддатар хоҳем кард”- гуфт Сергей Собянин.

Ӯ афзуд, ки бо таҳияи механизм, имкони эмгузаронӣ ба гурӯҳҳои дигари шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла соҳибкорон низ  густариш хоҳад ёфт.

Арзиши хидматрасонии эмгузаронӣ аз ҷониби корфармо пардохт гардида, инчунин барои кормандон корфармо шаҳодатнома мегирад. Арзиши воксингузаронӣ барои як корманд 1300 рубл мебошад.

Муҳоҷирони корӣ метавонанд дар Маркази муҳоҷирати бисёрфунксионалии деҳаи Сахарово аз соати 09:00 то 21:00 ваксина гиранд. Иқтидори интиқоли нуқта дар як рӯз беш аз ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Пеш аз мувофиқа дар бораи замони воксингирӣ  корфармоён бояд ба маъмур рӯйхати кормандон: номи ширкат, номи пурра, санаи таваллуд ва маълумотномаи шиносномаи ҳар як корманд, инчунин патент барои фаъолияти меҳнатӣ, иҷозат барои истиқомат ё истиқомати муваққатӣ  (ба истиснои муҳоҷирон аз Арманистон, Беларуссия, Қазоқистон ва Қирғизистон) – ро пешниҳод намоянд.

Аз 29 июн мақомот боз як нуқтаи эмгузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро дар бозори Садовод боз мекунанд. Ширкатҳо бояд ваксинзании кормандонро бо ҷузъи якуми ваксина то 15 июл ва дуввумиро то 15 август анҷом диҳанд. Онҳо барои иҷро накардани талабот ҷарима мешаванд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *