Осиёи МарказӣҲуқуқи башар

Дар Тоҷикистон чор шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро мурофиаи додгоҳ интизор аст

Дар ноҳияи Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор шаҳрванди Қирғизистонро се моҳ қабл  боздошт карданд. Дар ин бора падари яке аз боздоштшудагон Назар Маҳмудов ба хабаргузории 24.kg хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, писари 34-солаи ӯ Ойбек Маҳмудов 10 апрели соли 2021 дар ноҳияи Ҷиргатол боздошт шудааст.

«Писари ман барои овардани ҳамсараш, ки қаблан ба назди хешовандонаш ба Тоҷикистон рафта буд, рафт.  Кӯдаки ширхори онҳо дар Қирғизистон қарор дорад. Пас аз расидан писарамро боздошт карданд. Пас аз чанд рӯз  навишт, ки ӯро ба Душанбе  мебаранд. Аз он вақт инҷониб ман бо писарам ҳеҷ иртиботе надорам. Вай дар Душанбе вакили дифоъ ё шиносе надорад. Ман намедонам, ки бо ӯ чӣ шуд ва чӣ ҳол дорад. Мо бо сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ тамос гирифтем. Вазорати корҳои хориҷӣ ҷавоб дод, ки онҳо масъаларо пайгирӣ мекунанд ”, – мегӯяд Назар Маҳмудов.

Тибқи иттилои фаъъоли ҷамъиятӣ  Ҳаким Кожоев  моҳи апрели соли равон дар якҷоягӣ бо Айбек Маҳмудов боз се шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдулбос Нуридинов, Иброҳим Мирзомидинов, Хотамбек Эгамбердиев  дар ноҳияи Ҷиргатол  боздошт шуданд.

«Онҳо ҳама аз Ҷумҳурии Қирғизистон барои дидани волидон ва хешовандони худ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, рафтаанд. Бо сабаби баста шудани дидбонгоҳ дар минтақаи Ҷон-Олой  онҳо сарҳадро тавассути гузаргоҳҳои вилояти Суғд убур карданд. Ҳоло онҳо ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешаванд. Ҳеҷ кадоме аз наздикон иҷозаи дидор бо онҳоро надоранд. Бо вуҷуди муроҷиат ба Вазорати корҳои хориҷӣ  касе аз сафорати Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тотористон ба назди онҳо ташриф наовардааст », – гуфт Ҳаким Кожоев.

Ба гуфтаи наздикон, интизор меравад, ки ин ҳафта бар  қирғизистониҳо мурофиаи додгоҳ баргузор шавад. Тибқи моддаи 335-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон убури ғайриқонунии марз ба андозаи аз 500 то 1 ҳазор нишондиҳандаи ҳисобшуда (тақрибан 222-444 ҳазор сом) ҷарима ё  аз ду то панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуданро пешбинӣ мекунад.

Ба Равзан муяссар нашуд, ки назари мақомоти Тоҷикистонро дар ин бора муайян кунад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *