Осиёи МарказӣҶомеа

Дар Қирғизистон мавҷи сеюми COVID-19 ба авҷи худ наздик мешавад

Бишкек ба авҷи бемории COVID-19 ва илтиҳоби шуш  наздик мешавад. Дар ин бора сардухтури Хадамоти давлатии беҳдоштию эпидемиолии Қирғизистон Кубан Кундашев ба хабаргузории 24.kg хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ ин авҷ метавонад бо афзоиши шумораи беморони ошкоршаванда рабт дошта бошад. «Ҳоло бисёр озмоишгоҳҳо таҳлили ПГР-ро анҷом медиҳанд. Соли гузашта, дар моҳҳои июн-июл  танҳо санҷишҳои давлатӣ қабул карда мешуданд ва аз ин сабаб миқдори санҷишҳо якчанд маротиба камтар буд. Ҳоло шаҳрвандон ба  миқёси азим ба озмоиши ПСР шурӯъ карданд ва  сатҳи ошкорсозӣ зиёд шуд, » – гуфт ӯ.

Кубан Кундашев афзуд, ки аз 1 ҳазору 490 ҳодисаи дар як рӯз ошкоршуда 1 ҳазору 42 дар ҳолати  амбулаторӣ мебошанд, ки бемориро сабук таҳмил мекунанд.

«Ба таври дақиқ гуфтан ғайриимкон аст, ки афзоиш то кай давом мекунад. Ин ба андозаи зиёд аз худи шаҳрвандон вобаста аст, ки чӣ гуна онҳо худро ҳифз мекунанд, меъёрҳои беҳдоштию эпидемиологӣ аз қабили ниқоб пӯшидан, фосиларо нигоҳ доштан  ва дар чорабиниҳои оммавӣ иштирок накарданро то чӣ андоза риоя мекунанд. Ва аҳолӣ ҳоло бепарво шудааст. Тиҷорат ин қоидаҳоро риоя намекунад ”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар Бишкек дар як рӯз 1490 ҳолати беморӣ ошкор карда шуд. Қаблан муовини раиси шаҳр Виктория Мозгачева гуфта буд, ки сабаби чунин суръати баланд он аст, ки озмоишгоҳҳои хусусӣ хулосаи санҷиши чанд рӯзро ба омори имрӯза шомил кардаанд.

То имрӯз дар Қирғизистон 125 003 нафар гирифтори бемори КОВИД-19  шуда, 2000 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *