ВарзишТоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Ҷопун сафар кард

  Шоми рӯзи 3 июн  дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон   бо мақсади  анҷом додани бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҷопун  (7 июн) ва Мянма (15 июн) ба шаҳри Осакаи Ҷопун  сафар кард.

Дар ин бора  Федератсиюни  футболи Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Бозии навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F»  рӯзи  7 июн бо дастаи мунтахаби  Ҷопон  дар варзишгоҳи «Panasonic Suita», соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бар зидди тимҳои миллии Ҷопун  (7 июн) ва Мянма (15 июн):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»);

Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Болгария), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Муҳаммаҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳарду – «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе), Алиҷони Айнӣ (озод);

Ҳамлаварон: Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду – «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *