СиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Додгоҳи Маскав Facebook ва Telegram-ро 27 миллион рубл ҷарима баст

Додгоҳи  ноҳияи Таганскийи Маскав Фейсбук ва Телеграмро бинобар пок накардани муҳтавое, ки аз сӯи давлат мамнуъ эълон шудааст, мутаносибан ба миқдори 17 ва 10 миллион рублӣ ҷарима баст.

Дар ин бора «Интерфакс». хабар медиҳад.

Ин бори аввал нест, ки Фейсбук дар ним моҳи охир ҷарима мешавад: 25 май худи ҳамон суд шабакаи иҷтимоиро ба пардохти 26 миллион рубл ҷарима баста буд.  Шабакаи иҷтимоӣ тибқи қисми 2 моддаи 13.41 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия гунаҳгор дониста шуд.

Телеграмм низ мутобиқи ҳамин модда ба маблағи  5 миллион рубл ҷарима шуда буд.

Ин дафъа Facebook дар чор ҳолат на барои нақзи қисми мушаххаси модда, балки барои тамоми моддаи 13.41 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия  яъне “наандешидани чораҳо барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот” гунаҳкор дониста шуд. Қаблан, Facebook тибқи қисми дуюми ҳамин модда ҳам ҷарима шуда буд.

Аммо Telegram тибқи чор протокол ба қисми 2 моддаи 13.41 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия гунаҳгор дониста шуд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Русия ҷорӣ кардани назорати сахттар бар шабакаҳои иҷтимоиро  тақвияти “истиқлол”-и интернет дар кишвар арзёбӣ кардааст.

Вале ба андешаи коршиносон Ҳукумати Русия  бо наздик шудани санаи баргузории интихоботи порлумонӣ дар моҳи сентябр ва коҳиши маҳбубияти ҳизби ҳокими “Русияи ягона” қасд дорад бо чунин иқдомҳо  дигарандешон ва мухолифонро хомӯш кунад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *