ВарзишОсиёи Марказӣ

Ишқобод аз баргузории Ҷоми ҷаҳонии велосипедронӣ дар соли 2021 даст кашид

Чемпионати дарпешистодаи ҷаҳон оид ба велосипедронӣ  аз Туркманистон ба мамлакати дигар кӯчонида мешавад.

Дар ин бора рӯзи 3 июн Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ (UCI) хабар дод.

Гуфта мешавад, ки чемпионат, ки мебоист дар Ашқобод аз 13 то 17 октябр баргузор мешуд, бо дархости ҷониби Туркманистон баргузор нахоҳад шуд, зеро маҳдудиятҳо дар робита бо пандемияи COVID-19 барои баргузории  он имкон намедиҳанд.

Дар айни замон UCI бо як қатор ташкилотчиёни дигар, ки омодаанд чемпионатро дар ҳамон санаҳо доир намоянд, баргузории мусобиқаро баррасӣ мекунад.

Дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 расман ба қайд гирифта нашудааст. Аммо манобеъи мустақил гузориш медиҳанд, ки дар асл чунин нест. Масалан, Turkmen.news  иттилоотро дар бораи 55 нафаре, ки аз ин сироят дар Туркманистон фавтидаанд, тасдиқ кард.

Мақомоти ҷумҳурӣ қаблан ба мусобиқаи велосипедронии трек фаъолона омодагӣ мегирифтанд. 20 январ президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов эълом дошт, ки варзишгароне, ки ба чемпионат меоянд, метавонанд бо хоҳиши худ бо ҳама гуна ваксинаҳои интихобкардаашон алайҳи бемории КОВИД-19 эм карда шаванд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *