Осиёи МарказӣСиёсат

Иёлоти Муттаҳида сеяки нерӯҳои низомияшро аз Афғонистон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аллакай сеяки нерӯҳои низомии худро аз қаламрави  Афғонистон хориҷ кард.

Дар ин бора Фармондеҳии марказии кишвар  хабар медиҳад.

“Тибқи тахминҳои Фармондеҳии марказии ИМА, мо 30 – 44% тамоми раванди хуруҷи нерӯҳои низомиро анҷом додем”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки тақрибан 300 ҳавопаймои боркаш бо мавод аз Афғонистон хориҷ карда шуданд ва 13 ҳазор таҷҳизот барои нобудсозӣ ба Агентии таъминоти моддии Вазорати мудофиа дода шуданд. Ғайр аз ин, ИМА шаш иншоотро ба таври расмӣ ба ихтиёри Вазорати дифоъи Афғонистон додааст.

Дар миёнаи моҳи апрел Президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон хабар дод. Қарор аст, ки ин раванд то 11 сентябр, 20-умин солгарди ҳамлаҳои террористӣ дар Ню Йорк ба анҷом расад.

Хуруҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон бисёре аз кишварҳои ҳаммарз ва минтақаро нигарон кардааст. Чанде қабл Русия тасмим гирифт, ки якҷо бо Тоҷикистон марзи Тоқикистону Афғонистонро тақвият бахшад.

Рӯзномаи Wall Street Journal қаблан навишта буд, ки Иёлоти Муттаҳида имконоти истиқрори нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии аз Афғонистон хориҷшударо дар Осиёи Марказӣ ё Ховари Миёна баррасӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан гурӯҳи “Толибон”  аз кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон даъват карданд, ки пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар кишварашон ҷойгир накунанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *