ИқтисодТоҷикистонҲуқуқи башар

Корпартоии коргарони маҳаллии кони тиллои “Кумарғи боло”- и ноҳияи Айнӣ

Гурӯҳи тақрибан 200 нафараи коргарони маҳаллии кони тилои “Кумарғи боло”-и мутааллиқ ба ширкати ТВЕА-и Чин дар ноҳияи Айнӣ аз сабаби камғизоии хӯрокҳои ширкат даст ба коршиканӣ заданд.

Дар наворе, ки коргарони ин корхона рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки даҳҳо нафар коргарон бо либоси корӣ  гирдиҳам омада, бо нишонаи эътироз деги хӯрокро, ки аз биринҷу марҷумаки иборат будааст,   ба замин рехтанд. Ба гуфтаи онҳо кор дар корхонаи “Кумарғи боло”, ки  дар баландкӯҳ қарор дорад, вазнину пурмашаққат аст ва онҳо ба хӯрокҳои гӯштдори серғизо ниёз доранд.

Масъулини ширкат пас аз огоҳӣ аз қазия ваъда кардаанд, ки хӯроки беҳтар меоваранд ва танҳо бегоҳирӯзӣ картошкабирён овардаанд.   Роҳбарияти  ширкати ТВЕА ва масъулини Ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар ин робита аз  суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.

Омадааст, ки қаблан коргарони ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд”-воқеъ дар Ромит ва коргарони чинии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин” дар ҷамоати Зарнисори вилояти Суғд низ даст ба эътироз зада буданд.

Бояд гуфт, ки “истихроҷи тилло барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тиллои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тиллову асъори кишвар мехаранд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тилло вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тилло нуҳуфтааст. Солҳои охир ширкатҳои Чин ба захираҳои қаъри замин дар Тоҷикистон, аз ҷумла конҳои тилло таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд. То кунун кони тиллои “Покрӯд” дар Ваҳдат, конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло” дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тиллои “Зарафшон” дар Панҷакент ба дасти ширкатҳои чинӣ гузаштаанд”.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *