СиёсатҶаҳон

Марде, ки Макронро торсакӣ зад, ба 4 моҳи зиндон маҳкум шуд

Дар Фаронса марде, ки ба рӯи Президент Эммануэл Макрон торсакӣ зад, ба 4 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Дар ин бора “Европейская правда” бо такя  ба   Le Figaro. хабар медиҳад.

Айбдоршаванда 10 июн, пас аз ду рӯзи тасдиқи далелҳо, ба муҳокима оварда шуд. Додситонӣ 18 моҳ ҳабс талаб кард.

Тибқи изҳороти додситон дар ҷараёни муҳокимаи дурӯза Дэмиен Тарели 28-сола иқрор кард, ки “сарвари давлатро задааст ва нисбати ӯ суханони маҳкумкунандаи сиёсиро ба забон овард”.

Вай инчунин гуфт, ки ӯ  ба ҷунбиши “камзулчаҳои зард” наздик буда, бо  “эътиқодоти анъанавии сиёсии рост ё фавқулода рост” ҳамфикр аст, аммо “ба ягон ҳизб ё фаъъоле мансуб нест.”

Дар робита ба кирдори  худ  ӯ гуфт, ки “бар асоси ғариза рафтор кард ва ҳангоми изҳори норозигӣ  андеша накард.”

Худи Макрон аз ин кирдори Дамиен Тарел шикоят накардааст, аммо Додситонӣ зимни оғози парванда изҳор доштааст, ки дар ин торсакӣ  “на танҳо хоҳиши зарари ҷисмонӣ расонидан”, балки” қасди таҳқир кардан” низ мавҷуд аст.

Ёдовар мешавем, ки 8 июн  Президенти Фаронса Макрон ҳангоми сафараш ба  минтақаи Дром пас аз дидани як мактаб ба сӯи издиҳоми одамон, ки дар кӯча буданд рафт ва аввалин шахсе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шуд, ба рӯяш як шаппотӣ зад. Муҳофизони Раисҷумҳури Фаронса ин мардро аз ӯ  дур карданд ва ба замин хобонданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *