АхборОсиёи МарказӣСиёсатҲамкорӣҲуқуқи башар

Муҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон содатар мешавад

Тоҷикистону Ӯзбакистон мехоҳанд муҳлати будубоши шаҳрвандонашонро дар қаламрави якдигар содатар кунанд.

Бар асоси  лоиҳаи созишномае, ки пас аз ворид намудани тағйирот ва имзои Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Пойгоҳи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ  www.adlia.tj нашр шудааст,  Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳадаф доранд будубоши шаҳрвандонашонро дар қаламрави ҳамдигар содатар кунанд. Дар он сурат шаҳрвандони ду кишвар ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди ҳамдигар  метавонад то  10 рӯзи корӣ сабти номи муваққатӣ надошта бошанд.

Тағйирот ба созишномаи мазкур  дар доираи сафари навбатии Раисҷумҳури  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 доир мешавад, ворид гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар доираи мулоқоти ду раисҷумҳур  имзои як қатор созишномаҳо, аз қабили  сода кардани ҳамлу нақл ва сафари шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар дар назар аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *