Илм ва маорифОсиёи Марказӣ

НАЗАРИ ДИГАР. “ОЁ СУҒД «ЭРОНИ БАРТАР» АСТ?”

Луқмон Бойматов, таърихнигор

Муфассали нақд ва баррасиҳои таҳқиқоти марбут ба мавзўъи ҷуғрофиёи таърихии Суғд дар таҳқиқи вижаи нигоранда хоҳад омад. Вале ҳадафи аслӣ ин навиштори мухтасар нақди мавзўъи «Эрони бартар будани Суғд» аст.

Чунончӣ, чанде пеш шоири маҳбуби мо оқои Исфандиёри Назар бо истинод ба навиштаҳои оқои Исфандиёри Одина, матлаберо таҳти унвони «Андар боби Суғд. Аз китоби “Феҳрист”-и Ибни Надим дар бораи Суғд» дар сафҳаи худ нашр карданд. Мўҳтавои матлаб ба ин зайл аст:

АНДАР БОБИ СУҒД. Аз китоби “Феҳрист”-и Ибни Надим дар бораи Суғд:

Тарҷума: Як шахси муътамад гуфт: “Ман дар сарзамини Суғд будам, ки дар Варазрӯдон воқеъ аст. Суғдро “ЭРОНИ БАРТАР (Эрон-ал-ъулё) номанд ва туркон дар онҷо ҳузур доранд…

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Мардуми онҷо дутопараст (монавӣ) ва масеҳӣ ҳастанд. Ба забони худ ба дутопарастон “артовиёк” гӯянд.

(Вом аз баргаи: Исфандиёри Одина)

از کتاب “فهرست” ابن ندیم در باره سغد:

یک شخص معتمَد گفت: “من در سرزمین سغد بودم که در وَرَزرودان واقع است. سغد را ایرانِ برتر (یران-الاعلی) نامند و ترکان در آنجا حضور دارند…

او همچنین گفت: “مردم آنجا دوتاپرست (مانوی) و مسیحی هستند. به زبان خود به دوتاپرستان “اَرتاویاک” گویند.

(Тарҷумаи инглисӣ):

From the Fihrist of al-Nadīm. Discourse about the Sogdian script

A trusted person said that: “I was in the land of Suγd, which is in the territory of Transoxiana (the Upper Oxus). Suγd is called Upper Ērān*, and the Turks are present there. Its county town is called …”

He also said that: “Its people are dualists (Manichaeans) and Christians. In their language they call the dualists “Artāwyāk” (community of electi). This is an example of their handwriting:

ايران الاعلی ‘Upper Iran’*

ترجمه و تهیه رهام اشه..

http://www.rahamasha.net/…/scripts_from_the_fihrist.pdf

https://www.facebook.com/groups/rastaakhiz/permalink/3497826530247064/

**************

НАҚД

Бидуни шакк, навиштаҳои Ибн Надими Бағдодӣ (қарни Х) дар мавриди Суғд аз аҳамият холӣ нестанд ва ин додаҳо борҳо аз сўйи ховаршиносон ва муҳаққиқини гузаштаву имрўз мавриди истифода шудаанд. Он чӣ, ки дар матлаби фавқ бояд таваҷҷўҳ дошта бошем, таъкиди вежаи мутарҷим ва муфассир дар бораи «Эрони Бартар» будани Суғд аст.

Бояд мутаваҷҷеҳ шуд, корбурди ибораи “ЭРОНИ БАРТАР («Эрон-ал-ъулё») дар тафсир ва ташреҳи мавзўъоти марбут ба ҷуғрофиёи таърихӣ, иштибоҳ ба назар мерасад. Ошкор аст, вожаи «бартар» дар матни фавқи Ибни Надим ба маънии сифати «бартар» наёмада, балки ба маънии «Боло» истифода шуда, чаро ки сухан дар бораи макон ва мазеъи ҷуғрофиёӣ меравад, на дар бораи сифоти чизе.

Аз он ҷо, ки мутазоди вожаи «бартар» дар забони форсӣ ба гунаи кофӣ маъруф аст, пурсише ба миён хоҳад омад, яъне: Агар «Суғд – Эрони Бартар» бошад, пас, худ “Эрони аслӣ”, дар баробари «Эрони бартар» чӣ бошад? Бар поя вa идомаи ин мантиқ, оё метавон гуфт: «Эрони забунтар» ё «Эрони паструтбатар»? Оё мешавад истифода аз ибороти чун: «Хуросони бартар» ва «Хуросони камтар» истифода намуд, бахусус замоне, ки сухан дар бораи ҷуғрофиёи шаҳре ё кишваре равад?

Дар зимн, ин дид дар ҳоле ироъа мешавад, ки куллии муҳаққиқин, мутарҷимон ва муфассирони китоби Ибни Надим, чӣ ба арабӣ, форсӣ ва чӣ ба забонҳои урупоӣ, истилоҳи «Эрон-ал-ъулё»-ро «Эрони бартар» тарҷума ва тафсир накардаанд. Тибқи назари ағлаби ҷуғрофидонҳои асрҳои 9 – 10 Суғд тобеъии Эрон набуда. Марзи Эрону Тӯрон ҳамоно Руди Ому будааст. Ин ҷо  истилоҳи фавқ ба маънии “Болои Эрон” аст. (Ин маврид худ баҳси муфассалест).

Зимнан, маънии вожаи «Эрон-ал-ъулё» дар тарҷумаи инглисии матлаби фавқ ибороти, чун: «Тhe Upper Oxus» ва «Upper Ērān» омада, ки саҳеҳанд, бад-ин сабаб ки вожаи «Upper»-инглисӣ дақиқан барои ифодаи макон истифода шуда ва он ба маънии «Боло» аст, на «бартар».

Муқоиса шавад бо истилоҳоти зайли ҷуғрофиёӣ ба забонҳои мухталиф: Ба забони инглисӣ: Upper Oxford Township, Upper Sorbian, Upper Lusatia, Upper Silesia, Upper Macedonia, Upper Saxony, Upper Norrland ва ғ. Ба забони русӣ: Верхний Зарафшан Верхний Уфалей, Верхний, Верхний Египет, Верхняя Салда, Верхняя Тура ва ғ. Ба форсӣ: Боло Мурғоб, Болооби Зарафшон, Болооби Бартанг, Болооби Вахш, Болооби Сурхоб, Болошаҳр, Болошаҳри Теҳрон, Болошаҳри Шероз…, Болодеҳ ва садҳо мисоли дигар ба забониҳои дигари дунё.

Гузашта, бояд мутаваҷҷеҳ шуд, дар илми ҷуғрофиёи форсии куҳан ва муъосир истилоҳи «Эрони бартар» мавҷуд набуда ва нест. Кофӣ аст, саре ба Гугел зада шавад, хоҳем дид, ин истилоҳ аз сўйи ҷуғрофидонони эронии муъосир аслан корбурд надорад.

Бо як калом, бардошт ва тафсир оқои Исфандиёри Одина аз навиштаҳои донишманди араб Ибни Надим дар мавриди Суғд аз диди мантиқ ва наҳваи корбурди истилоҳи «бартар» барои ифодаи макон ва мавзеъи ҷуғрофиёӣ иштибоҳи маҳз аст.

ФБ, «Тураника», 08.06.2021.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *