Осиёи МарказӣСиёсат

НОМАИ САРГУШУДА БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ҶАНОБИ МИРЗИЁЕВ ШАВКАТ МИРАМОНОВИЧ

Ҷаноби Президент!

Омадани шахсияте мисли Шумо матин, соҳибирода, қолабшикан ва дорои назари тозаву воқеъбинона ба мақоми авали роҳбарии кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя -Ӯзбекистон, на танҳо муҳити иҷтимоию сиёсии ватани худатонро ба самти мусбат дигаргун кард, балки дар фазои карахту рӯ ба навмедии минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, дар рӯҳия ва равони мардум таъсири умедбахшу созандаеро эҷод намуд. Умедворам, сафари қарибулвуқӯъи Шумо ба кишвари мо ин равандҳои мусбатро тақвият мебахшад ва он амалкарди хубе, ки Шумо дар Ӯзбекистон дар амри мубориза бо фасод, шахсиятпарастӣ, хешутаборбозӣ, сӯиистифода аз вазифаву мансаб ва ғайра пиёда кардаед, аз баракати ин сафар ва тибқи ҳикмати мардумонамон, ки гуфтаанд “ҳамсоя аз ҳамсоя панд гирад”, дар кишвари мо низ ҷои по пайдо мекунад ва густариш меёбад. Дар робита ба ин мавзӯъ мехоҳам таваҷҷӯҳи шахси Шуморо ба як падидаи таассуфбор ва носозгор бо ахлоқи умумибашарӣ, бо фарҳанги мардумонамон ва дину оинамон ҷалб намоям. Оё медонед, ки аз чандин рӯз ба инҷониб, зимни омодагӣ ба истиқболи Шумо дар Тоҷикистон садҳо нафар аз донишомӯзи макотиб, бахусус духтарон, зери офтоби сӯзон ва гармои 37-37 дараҷаӣ машқу тамрин дода мешаванд, то дар ҷараёни истиқболи Шумо, ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз ” дастафшон ғазал хонанду покӯбон сар андозанд”. Ин амалкард, чуноне гуфта омад, на ин ки ҳеҷ рабте ба фарҳанги меҳмоннавозии мардумонамон надорад, балки хилофи шавқати инсонӣ ва ахлоқу одоби исломӣ мебошад. Бале, мардумони мо, ӯзбекону тоҷикон, меҳмонро азиз ва қадамашро муборак медонанд, вале ҳаргиз ин бешарофатиро ба худ иҷоза намедиҳанд, ки кӯдакону духтарони худро ба гуландозию рақс дар пеши меҳмон маҷбур созанд. Ба шаҳодати васоити ахбор, Шумо, ҷаноби Президент, ба ин ҳақиқат пай бурдаед ва дар кишваратон ба ҳама гуна маросимҳои инчунинӣ пурдабдабаву намоишкоронаву зиёнбор хотима бахшидаед.

Ҳоло, зимни ин сафаратон ба кишвари ман-Тоҷикистон ин шонси таърихиро доред, ки ба чунин таҷрубаи шармовар, нангин ва ба фарҳанги миллатҳои мову Шумо бегона қотеъона “На!” бигӯед ва барои раҳбарони хурду бузурги минтақа, ки ин мазҳакаро ба абзори худнамоӣ, иззатталабӣ ва бартариятҷӯиҳои туҳию беҳосил табдил додаанд, намунаи ибрат шавед. Итминон дошта бошед, ки ин кори Шумо обрӯву эътиборатонро ҳамчун як меҳмони азизу шарифу боҳайсият дар саросари Тоҷикистон, дар ҳар хонадони тоҷик ба маротиб боло хоҳад бурд ва решаҳои дӯстии холисонаву самимонаи миёни мардумонамонро боз ҳам қавитар хоҳад кард.

Бароятон, ҷаноби Президент, сафари хушу пурбарор орзу мекунам!

Бо эҳтиром  Азиз Сангин, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.

 

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *