ТоҷикистонҲуқуқи башар

Номи Ҳумайро Бахтиёр дар рӯйхати 10 рӯзноманигори таҳти хатар қарор гирифт

Номи Ҳумайро Бахтиёр, хабарнигори тоҷики муқими Аврупо ба рӯйхати 10 нафар хабарнигори сатҳи ҷаҳонӣ, ки таҳти хатар қарор доранд, ворид шудааст.

Дар ин рӯйхат, ки  аз ҷониби Эътилофи байнулмилалии OneFreePress, қароргоҳаш дар Ню-Йорк  таҳия шудааст, номи хабарнигори боздоштшудаи белорусӣ Роман Пратасевич, хабарнигори эронӣ Пӯён Ҳушҳол ва ҳабарнигори русиягӣ Наталя Зубкова  низ  дида мешавад.

Ҳумайро Бахтиёр  рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ “гуфт, ворид шудани номаш ба ин феҳрист “эътирофи вазъи бади озодии баён дар Тоҷикистон ва зери хатар будани рӯзноманигорони тоҷик аст”.

Эътилоф дар мавриди ӯ навиштааст: “Рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқи инсон, ки бештар масоили вобаста ба сиёсату коррупсияро бозтоб медиҳад, соли 2016 аз ночорӣ ба Иттиҳоди Аврупо паноҳанда шуд. Бо вуҷуди ин, худаш ҳамвора бо таъқибҳои онлайнӣ ва хонаводааш бо таҳдидҳои мақомоти Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд”.

Ҳумайро Бахтиёр қаблан  дар расонаҳои Радиои Имрӯз, “Озодагон”, “Азия-Плюс” кор карда, бо IWPR, “Анадолу” ва “Мавҷи Олмон” низ ҳамкорӣ дошт.

Тоҷикистон, ки дар шохиси имсолаи озодии баён дар мавқеи 162 ҷой дорад,  дар солҳои охир  барои бад шудани вазъи бади озодии баён  мавриди  интиқоди пайдарпай  қарор мегирад .  Мақомоти Тоҷикистон бо чунин баҳогузорӣ мувофиқ нестанд ва даъво доранд, ки дар кишвар беш аз 260 расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *