ТоҷикистонҶомеа

Оғози маъракаи воксингирии шаҳрвандони аз 18 сола боло дар Душанбе

Дар Душанбе бо ҳадафи  пешгирӣ аз сироят ва густариши бемории COVID-19  миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло маъракаи воксингирӣ оғоз шуд.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд,  барои  гирифтани воксини зидди бемории COVID-19 метавонанд  ба марказҳои саломатии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки марҳилаи аввали маъракаи эмкунӣ бар зидди ин беморӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ,  соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон  ва марҳилаи дуюми  он 25 май  оғоз гардид.

Бояд гуфт ки ин маърака дар ҳоле сурат мегирад, ки Вазорати тандурустӣ то ба наздикӣ даъво мекард, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои сирояти бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар пасманзари хабарҳо дар бораи ҳолатҳои сироят  ба ин беморӣ дар минтақаҳои кишвар Вазорат 21 июн аз сабти ҳолатҳои нави беморӣ хабар дод.

Тибқи омори расмӣ тайи чаҳор рӯзи ахир дар Тоҷикистон 63 ҳолати нави ибтило бан бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *