ТоҷикистонҶомеа

Пешниҳоди дар гармои тобистон сарфи назар кардан аз ниқоби тиббӣ

Корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук  Облоқул Мирзоев аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки дар фасли гармои тобистон иҷоза диҳанд, ки аҳолӣ аз пӯшидани ниқобҳои тиббӣ  сарфи назар кунанд.

Дар матне, ки дар саҳифаи  Фейсбук нашр шудааст,  ӯ навиштааст, ки бемории вируси куруноро “танҳо бо ҳиҷоб пешгирӣ наметавон кард”, зеро “дар бозор ва мағозаҳо барои пулшуморӣ аз оби даҳон фаровон истифода бурда, хӯрокворӣ бидуни безараргардонӣ пешкаши харидорон мешавад”.

Ҳамчунин вазъият дар  “нақлиёти умумӣ, ошхонаҳо ва ғайраҳо аз ин бадтар мебошад”. Мардум бошанд ниқоби тиббиро дар корхонаҳо танҳо “бо мақсади аз ҷазо раҳоӣ ёфтан истифода бурда истодаанд”.

Бинобар ин Облоқул Мирзоев аз масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки мардум дар тобистони гарм, ки ҳарорат то 40 дараҷа гарм аст, дар корхонаву муассиҳо аз истифодаи он сарфи назар кунанд.

Корбарони дигари шабакаҳои иҷтимоӣ низ  истифодаи ҳатмии ниқоб дар шароити тобистонро тоқатфарсо ҳисобидаанд. Назари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала дар дасти мо нест.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *