СиёсатТоҷикистонҲамкорӣ

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бархе аз амволашро ба Тоҷикистон медиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон бо содир намудани як  қарор ба сохторҳои марбута дастур дод, ки лоиҳаи протоколи  ба  ихтиёри  кишвар додани амволи ғайриманқули  Пойгоҳи низомии Русияро  маъқул шуморанд.

Дар ин бора Asia Plus  бо такя ба  портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки  онро ҳукумат аз 1 июни ҳамин сол қабул кардааст, хабар медиҳад.

Вазорати хориҷии ҷумҳурӣ муваззаф мегардад, ки рӯз ва ҷойи имзои протоколи мазкурро мувофиқа созад ва Вазири мудофиаи Тоҷикистон протоколро аз номи ҳукумат имзо кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар маҷмӯъ 103 бинову иншооти воқеъ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминободро, ки  40 метри мураббаъ бинову иншоот ва 650 километри мураббаъ шаҳраки ҳарбӣ ва машқгоҳро дар бар мегирад,  ба ихтиёри худ мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Русия ҳанӯз соли 2016 полки 149-уми сайёри тирандози Пойгоҳи низомии 201-умро ба машқгоҳи Лоҳури ноҳияи  Рӯдакӣ кӯчонид.

Қобили зикр,  ки Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин ҷузъу томи Неруҳои ҳарбии ҳавоии Русия дар берун аз ҳудуди ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *