Осиёи МарказӣҲамкорӣ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Эрон рафт

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳадафи гуфтугӯ дар масоили дуҷониба миёни Эрон ва Тоҷикистон ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бомдоди рӯзи сешанбе  вориди Теҳрон шуд.

Дар ин бора ИРНО бо истинод ба пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Дар ин сафари корӣ, ки ба муддати се рӯз давом хоҳад ёфт, Раҳимзода бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон  Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи амният, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, имзои суратҷаласаи ҳамкорӣ дар хусуси мавзӯоти амниятӣ ва сиёсии кишвар вориди гуфтугӯ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон  Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ дар исфандмоҳи соли гузашта тайи сафар ба Душанбе бо Рамазон Раҳимзода дар хусуси масоили минтақаи Ховари Миёна, ифротгароӣ, терроризм, қочоқи инсон, қочоқи маводи мухаддир ва ноамнӣ баҳсу гуфтугӯ карда буданд ва аз ин ҷиҳат сафари Раҳимзода ба Эрон бо ҳадафи таҳкими бештари равобити дуҷонибаи кишварҳо сурат мегирад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *