АхборОсиёи МарказӣСиёсатҲамкорӣ

Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд

Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов шоми 28 июн ҷиҳати анҷом додани  сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ӯро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Дар ин бора Дафтари матбуоти Раисҷумҳури Қирғистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Содир Ҷабборов  дар доираи сафари дурӯзаи худ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон мавриди  баррасӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ пас аз муноқишаи марзӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд ва раисиҷумҳури Қирғизистон ин даъватро пазируфт.

Сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон ҳангоме сурат мегирад, ки муносибот миёни Душанбе ва Бишкек сард шудааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *