ТоҷикистонҶомеа

Табибон аз бозгашти бемории КОВИД-19 хабар медиҳанд, Вазорат рад мекунад

Расонаҳо аз дубора авҷгирии сирояти Коронавирус дар Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Радиои Озодӣ навишт, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳоле аз моҳи январ ба ин сӯ ошкор нашудани ягон ҳолати нави сирояти коронавирусро таъкид мекунад, ки табибон, кормандони озмоишгоҳҳо, расонаҳо ва наздикони беморон аз бозгашти COVID-19 ба кишвар хабар медиҳанд.

Ҳомид Ҳомидзода, сардухтури дармонгоҳ ё поликлиникаи рақами 13-и шаҳри Душанбе ба ин расона  гуфтааст, 10 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус аз ҳисоби сокинони марбут ба муассисаи тиббии онҳо ба қайд гирифта шудаанд ва бархе аз онҳо дар шароити хона ва дигарҳо дар бемористон муолиҷа мешаванд.

Хабаргузории “Азия-Плюс» рӯзи 12 июн ба нақл аз манбаи худ дар озмоишгоҳи «Диамед» иттилоъ дод, ки 8 июн танҳо дар шаҳри Душанбе 100 гирифтори коронавирус ошкор карда шудаанд. Расона менависад, дар озмоишгоҳҳои дигар низ пайдо шудани беморонро тасдиқ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин маълумотро беасос хондааст ва ахиран боз ҳам гузориш дода, ки дар кишвар ягон мавриди нави сироят ба қайд гирифта нашудааст.

Дар як моҳи охир чандин ҳолате пеш омад, ки натиҷаҳои озмоиш аввал мусбат баромаданд ва дертар бо дахолати мақомоти беҳдоштӣ дар тестҳои баъдӣ натиҷаҳо “манфӣ” дониста шуданд.

Моҳи май дар Хуҷанд 15 нафарро ҳамчун гумонбар ба коронавируси нав карантин карданд, вале баъдан мақомот гуфтанд, ки онҳо бемор нестанд. Сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд, Абдумавлон Абдуллозода, ки аз эҳтимоли сироят хабар дода буд, 25 май аз тарафи вазири тандурустӣ барканор карда шуд.

Тоҷикистон баҳори соли 2020 ба хотири пайваста рад кардани вуҷуди коронавирус дар кишвар мавриди интиқод буд ва ниҳоят 30-юми апрели он сол дар бораи вуҷуди коронавирус хабар дод. Вале бо ин вуҷуд, шубҳа дар комил ва пурра будани омор рафъ нашуд.

Манбаъ: Фаридун Раҳимӣ ( Хабар).

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *