РАҶАБИ МИРЗО: “БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ЭЪТИМОДИ МАРДУМ РАСОНАҲОИ НАВ ЗАРУРАНД!”

ЧАРО МАН ФИКР ДОРАМ, КИ БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ЭЪТИМОДИ МАРДУМ РАСОНАҲОИ НАВ ЗАРУРАНД?
– Мухотабони имрӯз ба кӣ эътимод доранд?
– Журналистикаи шаҳрвандӣ, яъне чӣ?
– “Ман ба мардум хизмат мекунам!” гуфтан беҳтар аст, ё бадар кардани эҳсосе, ки ман самимона рисолати касбии худро анҷом медиҳам?
– Оё бо тиражҳои калони нашрияҳои ҳукуматӣ гуфтан мумкин аст, ки онҳоро хонанда мехонад ва ба боварии мардум сазовор шудаанд?
– Озодии журналист ва журналистика ба кӣ бештар даркор аст: ба худи журналист, ё ҳамаи шаҳрвандон?
– Боварии мардум ба журналистика ва журналистон чаро аз ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳатто равонии онҳо вобаста аст?
– Оё мансабдорони аз курсӣ рафта, ё дучори мушкилгашта, ки ба журналистон рӯ меоранд, ин боварии онҳост, ё зарурату эҳсоси ҳамонлаҳзаи эшон?
– Боварии мухотабон ба журналистика ва журналистон кай метавонад доимӣ бошад ва кай зудгузар?
– Ҷудо кардани журналистика ва журналистон ба “дӯст” ва “душман” имкон дорад?
– Вақте журналист ба арзишҳои касбии худ хиёнат мекунад, оё наметавонад ба давлат, ҳукумат, сарпарасти худ хиёнат намояд?
– Оё журналистикаи тоҷик батамом беэътимод шудааст ва баргардонидани он имкон надорад?
– Оё ҳамаи журналистони мустақил ё аз Тоҷикистон рафтанд, ё дар зиндонанд?
– “Мухотабони эрка”: чаро мардум ҳатто ба матолиби барои онҳо бе пул пешниҳодшуда бархӯрди манфӣ мекунанд ва бештар талаб доранд?
– Барои чӣ соҳибони расонаҳо бояд таҳаммулпазир ва танқидшунав бошанд?
– Оё шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет мардумро дилбазан намекунанд?
– Ҳамкасбони мо ҳамаи талошҳои худро барои ба даст овардани боварии хонанда ва мустақилияти касбӣ ва босифат анҷом додаанд?
– Вақте журналистика фақат фикри имрӯзи худро мекунад, оё барои дурнамо ва оянда андешида метавонад?
– Кадом масъалаҳое буданд, ки журналистон бояд ҳамраъйии касбӣ нишон медоданд, вале баръакс шуд?
– “Журналистони беадаб” дар шабакаҳои иҷтимоӣ чаро боис ба беобрӯгиву шармандагии касбӣ мегарданд?
– “Қаровул, маро ҳимоя кунед!”, метавонад василаи ҳимоя бошад?
– “ЖУРНАЛИСТИКАИ НОУМЕД” ЯК МАЪНӢ ДОРАД: ҶОМЕАИ НОУМЕД!
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор, муассиси саҳифаи “Ахбор барои афкор”