СиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Русия муҳлати қонунии ихроҷи муҳоҷирон аз Русияро тамдид кард

Муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки асоси қонунӣ надоранд, то 30 сентябри соли 2021 дароз карда шуд.

Фармони мазкур бо имзои  Президент Владимир Путин дар сайти Кремл нашр шудааст.

Бар асоси ин фармон хориҷиёне, ки барои дар Русия буданашон заминаи қонунӣ надоранд, метавонанд ин масъаларо то 30 сентябр ҳал кунаанд; ба истиснои маҳбусони собиқ, онҳое, ки терроризмро дастгирӣ мекунанд ва онҳое, ки дар митингҳои ҳамоҳангношуда иштирок  мекунанд.

Хориҷиёне, ки то 15 марти соли 2020 ба Русия омадаанд ва то рӯзи 16 июни соли равон барои иқомати худ ягон асоси қонунӣ надоранд, метавонанд вазъи ҳуқуқии худро ҳал кунанд ё то 30 сентябр Русияро тарк намоянд.

“Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Русия мебошанд, то 30 сентябри соли 2021 <…> ҳеҷ гуна қарор дар бораи ихроҷи маъмурӣ аз ҳудуди ин кишвар дар шакли ихроҷи маҷбурӣ қабул карда намешавад <. ..> “,-  гуфта мешавад дар фармон.

Гурӯҳҳои хоси хориҷиён, алахусус онҳое, ки аз зиндон озод шудаанд, ҷонибдори тағйири хушунатомези асосҳои сохти конститутсионии Русия мебошанд, терроризмро дастгирӣ мекунанд ва дар гирдиҳамоии ҳамоҳангнашуда ширкат мекунанд, ба ин банд дохил намешаванд.

Фармон аз 16 июн эътибор пайдо мекунад. Мӯҳлати амали фармони қаблии шабеҳ 15 июн ба поён мерасад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *