СиёсатҶаҳон

Русия тартиби нави сабти ном дар ҷои истиқоматро тасдиқ кард

Сарвазири Русия Михаил Мишустин тартиби нави сабти ном дар ҷои истиқомат ва ҷои зистро тасдиқ кард.

Тибқи иттилои рӯзномаи “Российская газета” бақайдгирии электронӣ дар портали Хадамоти давлатӣ дастрас мешавад. Барои гирифтани иҷозаи иқомат, ба Хадамоти давлатӣ ариза пешниҳод карда, сипас дар мақомоти бақайдгиранда барои сабт дар  шиноснома ҳозир шудан имконпазир хоҳад буд. Пас аз гирифтани сабти муваққатӣ, довталаб инчунин бояд ариза пешниҳод кунад ва баъдтар тавассути почта шаҳодатнома гирад.

Ғайр аз он, шаҳрвандон метавонанд  мақомоти бақайдгириро дар ҳудуди ноҳияи шаҳрӣ ё ноҳияи мунисипалӣ, дар шаҳрҳои дорои аҳамияти федералӣ – дар воҳиди махсуси дилхоҳи   қаламрави худ интихоб кунанд.

Ин қоида аз 1 июли соли 2022 эътибор пайдо мекунад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *