ТоҷикистонҶомеа

Сардухтуре, ки аз бозгашти бемории КОВИД-19 хабар дода буд, суханашро тағйир дод

12 июн Сардухтури дармонгоҳи рақами 13-и шаҳри Душанбе Ҳомид Ҳомидзода ба Радиои Озодӣ  аз сабт шудани 10 нафар гирифторони бемории КОВИД-19 хабар дода буд. Вале масъулини Вазорати тандурустӣ инро рад карда, мегӯянд, ки онҳое, ки  ахиран бо нишонаҳои ин беморӣ бистарӣ шудаанд, танҳо мушкили шуш доранд. Ба гуфтаи  Вазорат ин бемории КОВИД-19 набуда, балки  ашхоси соли гузашта ба ин беморӣ сироятшуда дар гармиҳои фасли тобистон тавсияҳои пизишконро риоя накардаанд ва ҳарораташон баланд шудааст.

Сардухтур Ҳомид Ҳомидзода ҳам рӯзи 14 июн суханашро дигар карда, гуфтаҳои вазоратро тасдиқ кард. Тибқи  иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ ӯ баъди нашри суҳбаташ бо Радиои Озодӣ зери фишор қарор гирифтааст. Ҳарчанд худаш зери фишор қарор гирифтанашро қотеона рад мекунад. Соли гузашта сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода баъди суҳбат бо хабарнигорон оид ба ин беморӣ аз вазифааш барканор шуд.

Тибқи иттилои расонаҳо имрӯзҳо дар дармонгоҳҳо ва дар хона табобат шудани даҳҳо беморони ба ин беморӣ мубталоро бархе аз табибони дигар ва  сокинони кишвар ҳам тасдиқ карданд.  Ба гуфтаи Радиои Озодӣ бар асоси назари коршиносон “ мақомоти тоҷик бо пойфишорӣ бар набудани COVID-19 мехоҳанд, аз дубора баста шудани марз ва парвозҳо пешгирӣ кунанд”.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *