Осиёи МарказӣҲамкорӣҶаҳон

Сергей Наришкин гуфт, ки Ғарб натавонист мушкилоти мусолиҳаи миллии Афғонистонро ҳал кунад

Сардори Хадамоти ҷосусии хориҷии Русия Сергей Наришкин зимни суханронӣ дар конфронси амниятии Маскав дар бораи хуруҷи нирӯҳои низомии  ИМА аз Афғонистон изҳори назар кард.

Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, низомиёни Ғарб дар ҳоле Афғонистонро тарк мекунанд, ки  вазифаҳои асосии худ, – расидан ба мусолиҳаи миллӣ ва таъмини амниятро дар ин кишвар ҳал карда натавонистанд.

“Пас саволе ба миён меояд, ки ҷанги бистсолаи бесамар, ки ҷони ин қадар  одамонро гирифт, ба кӣ ва чаро лозим буд?” – суханашро хулоса намуд Сардори ХҶХР Сергей Наришкин.

Ёдовар мешавем, ки хуруҷи пурраи нерӯҳои амрикоӣ аз ин нуқтаи доғ, ки дар замони раисҷумҳурии Трамп эълом шуда буд, тибқи нақшаҳои маъмурияти Байден бояд то 11 сентябр – солгарди ҳамлаҳои террористии соли 2001 ва вуруди нирӯҳои НАТО ба хоки ин кишвар анҷом ёбад.

Пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои НАТО ҷангиёни Толибон амалиётҳои низомии  худро вусъат бахшида, қаламрави таҳти контроли худро торафт васеъ мекунанд. Вазъияти баамаломада бисёре аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро нигарон кардааст.

Дар ин шабурӯз Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо ҳамроҳии Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдулло Абдулло барои гуфтушунид пиромуни вазъияти кунунии  кишвар ва дурнамои ҳамкориҳоии низомиву иқтисодии дуҷониба дар ИМА қарор доранд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *