АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣ

Содир Ҷабборов: “Мо набояд ба такрори ҳаводиси апрели 2021 роҳ диҳем!”

Президентҳои Қирғизистон Содир Ҷаббаров ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе имрӯз, 29 июн,  мулоқоти як ба як доир кардаанд.

Дар ин бора 24.kg бо истинод ба Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон хабар додааст.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон ба сафари расмии Содир Ҷабборов ба кишвар аҳамияти калон медиҳад ва ба рушди эҷодии ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо самимона манфиатдор аст.

“Тоҷикистон ва Қирғизистон дар заминаи бисёрҷониба ба таври созанда ҳамкории мутақобила доранд ва мо омодаем бо шумо ҳолат ва дурнамои  доираи муносибатҳоямонро муҳокима кунем,” – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар навбати худ, Садир Ҷабборов ба Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ба сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташаккур гуфт. Вай бо таассуф қайд кард, ки рӯйдодҳои фоҷиабори рӯзҳои 28-30 апрели соли 2021 барои мардуми ду кишвар рӯзҳои озмоишҳои ҷиддии таърихӣ ва ғаму андӯҳ шуданд.

«Мехостам таъкид кунам, ки ҳарду тараф набояд дар оянда ба такрори низои мусаллаҳона роҳ диҳанд. Халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз замонҳои қадим халқи бародар буданд, қирғизҳо ва тоҷикон ҳамеша муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстонаро нигоҳ медоранд “, – таъкид дошт Содир Ҷабборов.

Президенти Қирғизистон изҳори итминон кард, ки бо талошҳои муштарак ҷонибҳо роҳҳои ҳалли масоили марзиро пайдо хоҳанд кард.

Пас аз мулоқоти як ба яки сарони кишварҳо музокирот миёни  ҳайати васеъ идома хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Қирғизистон бо сафари расмӣ шоми 28 июн  вориди  шаҳри Душанбе  шуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *