СиёсатТоҷикистон

СОЯҲО ВА ШАБАҲҲО ё ногуфтаҳои ҷангу сулҳи тоҷикон

Додоҷон Атоуллоев, рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик

Истиқлол, ҷанги шаҳрвандӣ ва созишномаи сулҳ давраҳои муҳим ва сарнавиштсози миллати тоҷик буданд, аммо ончунон ба дурӯғу афсонаҳо печидаанд, ки на танҳо моҳияти  худро аз даст додаанд, балки арзиши худро низ  гум кардаанд.

То даме, ки ҳақиқатҳои таърихи навтарини мо гуфта нашаванд, мо ба ҳеҷ куҷо намерасем. Истгоҳи мо аз бад ба бадтар хоҳад буд.

Ҳанӯз, ки шоҳидони ин рӯйдодҳои таърихӣ зиндаанд, гоҳ-гоҳе садои ҳақ ба гӯш мерасад. Аммо бештар иштирокчиёни бевоситаи ин ҳодисаҳо ё хомӯшанд ва ё тарафи худро сафед мекунанду тарафи дигарро сиёҳ.

Ҳақиқатҳо чун гулҳои дар соярӯ руста осон хазон мешаванд. Афсонаҳои офтобрӯя ончунон месабзанд, ки ба муқаддасот, мазҳаб ва дин бадал мегарданд. Ҳад дорад, касе ки ба муқаддасот битозад ва ё ба дине шак оварад?! Ё девонааш мехонанд ва ё сангсораш мекунанд!

Истиқлол як тӯҳфаи ногаҳоние буд, ки бар сари халқи тоҷик афтод. Кишвари абарқудрате, ки СССР ном дошт ва дунёро меларзонид, бе як тир пош хӯрд. Ба 15 республика гуфтанд, ки шумо озодед. Мисли як марди серзанае, ки дигар на ҳавсалаи ҳамхобагӣ дораду на ягон узви баданаш фаъол аст.

Ягон тоҷик ба Тоҷикистон истиқлол наовардааст. На Тоҳири Абдуҷаббор, на Қадриддин Аслонов, на Эмомалӣ Раҳмон, на Мулло Абдулло Нурӣ ва на касе дигар.

Агар бисёр ба муаллиф эҳтиёҷ доред, номи Елтсину Горбачевро биёваред ва ба рӯҳи пурфутӯҳашон фотиҳае хонед.

Афсонаи “ҷанги шаҳрвандӣ – ҷанги таҳмилӣ буд ва онро бегонаҳо ташкил карданду моро бо мо ҷанг андохтанд” ҳам бояд ба сандуқ гузошта шавад ва он сандуқро набояд ҳатто нафталин зад. Бигзор митта хурад, то ному нишоне аз он намонад. Сагро ба ҳам ҷанг меандозанд, мо ки саг нестем ё…?

Мо худамон гунаҳгорем.

Ҳар яки мо.

Мо – тоҷикон худамон будем, ки хонаҳои ҳамдигарро задем, чизу чораи якдигарро рабудем, ҳамдигарро бераҳмона куштем, аз гӯшҳои ҳамдигар ҳалқа сохтем, дӯшизаҳои тоҷикро таҷовуз кардем!

150 ҳазор касро кӣ кушт? Номи онҳо, гуноҳи онҳо чӣ буд?! Касе боре ба ёд овард?

Ва беш аз ҳама онҳое гунаҳгоранд, ки дар саргаҳи баҳори озодӣ  майдонҳоро барои об додани мазраъу киштзорҳои худу ҳаммаҳаллони худ истифода карданд.

Аз Созишномаи  сулҳ ҳам конфетаки коғазпече сохтаанд, ки ҳар сол як бор даҳони чанд нафарро дар маҷлисҳо ширин мекунанд. Ба шоирони дарборӣ ин рӯз як рӯзи беҳтарин аст.  Ҳама аз онҳо “шеър” мехоҳанд. Мисле, ки аскарбачаҳо дар рӯзҳои истироҳат ва бурун рафтан аз қисми ҳарбӣ фоҳиша меҷӯянд.

Созишномаи сулҳ як шартномаи тиҷоратӣ байни ду ҷониби ҷанг буд. Тарафе, ки ҳамаро забт карда буд, ба тарафе ки нони хӯрдан надошт гуфт: биёед, 30 фоизи дороиямро ба шумо медиҳам. Он тараф ҳаёҳуйкунон, кунаку думакзанон аз Афғонистону Эрону Покистон раҳ ба сӯи Тоҷикистон гирифт. Зани якум – дар як даст, зани дуюм – дар дасти дигаре. Ҳамдигарро пешпо дода, ҳамсафонро фурӯхта…

Талотуму уштулуме дар тобистони соли 1997 бархоста буд. Болои заводҳо, мағозаҳо, мансабҳо, махзанҳо, маъшуқаҳо. Саг соҳибашро намеёфт. Ҳеҷ будагон ҳама чиз шуданд. Аз Их-2 ба Мерседес нишастанд. Аз куртаҳои нейлонии сафеде, ки гиребонаш аз чирк  сиёҳ шуда буд ва дар зераш майкаи гули садбарг дӯхта менамуд, ба пӯшидани костюмҳои шики Бриони, Гуччи ва Прада сар карданд.

70%-ҳо баъд 30%-ҳоро ронданд. Гирёну нолон онҳо рӯ ба фирор оварданд. Ҳоло ба умеданд, ки ин навбат сӣ ҳам набошад, аққалан се фоиз тарафи дигар садақа мекарда бошад?!

Миллат?

Халқ?

Бахши нави “Афсонаҳои халқи тоҷик”- ро интизор аст…

Д. А.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *