Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣ

СПАД ба далели вазъи марз дар Афғонистон ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ  дар сурати дархост дар иртибот бо вазъи марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон тамоми кӯмакҳои заруриро ироа хоҳад кард.

Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба суханони  котиби Созмон Владимир Зайнетдинов    хабар додааст.

” Ҳарчанд Тоҷикистон дар робита ба вазъияти дар қаламрави наздисарҳадии Афғонистон ба амал омада ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ муроҷиат накардааст,  вале ин созмон дар сурати дархост тамоми кӯмакҳои зарурии Оинномаи ин Созмон пешбининамуда аз қабили кумаки сиёсӣ, низомӣ ва низомӣ-техникиро пешниҳод хоҳад кард”, – гуфт ӯ.

Қаблан дар Маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба РИА Новости гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба нуқтаи марзии Укчуки ноҳияи Калдори вилояти Балхи Афғонистон, 17 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурданд.

Рӯзи 22 июн як гурӯҳи мусаллаҳи ҷунбиши радикалии Толибон ба Комиссариати марзии Шерхон Бандар дар вилояти Қундузи Афғонистон, дар марз бо Тоҷикистон ҳамла кард. 134 нерӯи ҳукумати Афғонистон натавонистанд ба ҷангиён муқовимат нишон диҳанд ва маҷбур шуданд, ки аз минтақаи амнияти посгоҳҳои сеюм ва чоруми гузаргоҳи Панҷ  сарҳади давлатиро убур кунанд ва дар Тоҷикистон паноҳ  баранд. Марзбонони тоҷик бо сабабҳои башардӯстона маҷбур шуданд, ки як ба онҳо, ки  дар байнашон як нафар кушта ва чор нафар захмӣ буд, паноҳгоҳ диҳанд. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шумораи умумии сарбозони афғон, ки аз ҷониби Толибон дар комиссариати марзии Шерхон – Бандар маҷрӯҳ, кушта ва ё асир афтодаанд, ба 100 нафар мерасад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *