Осиёи МарказӣСиёсат

Тошиев гуфт, ки масъала дар марз мусбӣ ҳал шуд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳанӯз онро шарҳ надодааст

Масъала дар марз мусбӣ ҳал шуд, аҳолии интиқолшуда ба деҳаҳояшон баргардонида мешаванд.

Дар ин бора  раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, музокироти дирӯза бо ҷониби Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт. Аз ин рӯ, мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки сокинони чанд деҳаи ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Ӯшро ба минтақаҳои бехатар кӯчонанд.

«Аз дирӯз мо бо роҳбари Кумиссиюни давлатии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марзӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов гуфтушунид дорем. Музокироти дирӯза бенатиҷа анҷом ёфт, аз ин рӯ маҷбур шудем сокинонро кӯчонем. Ҷаласаи имрӯза соати 13.00 ба вақти Бишкек ба поён расид. Ман гуфта метавонам, ки масъала мусбӣ ҳал шуд. Мо якҷоя суратмаҷлиси иборат аз 7-8 бандро қабул кардем. Мо онҳоро дар давоми ду соат нашр хоҳем кард », – гуфт Қамчибек Тошиев.

Вай афзуд, ки фармони баргашти нерӯҳои Қирғизистон ба ҷои доимияшон  ва инчунин бозгашти тахлияшудаҳо ба хонаҳояшро содир хоҳад кард.

Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол ин изҳороти Тошиевро шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унҷу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контенерҳо насб кардаанд.  Дар ин робита субҳи имрӯз ВКХ Қирғизистон ба сафири кишвари мо дар он давлат нотаи эътирозӣ супурд. Пас аз он Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди ин, ки гӯё Тоҷикистон тавофуқи бадастомадаро ба эътибор намегирад, нотаи эътирозӣ супурд.

Пас аз он , 4 июн соати 19:30 сокинони ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Уш,  деҳаҳои Ҷекенди, Қаро-Тейит, Қаро-Мик, Чулук ва Шибеи  аз сабаби “муташанниҷ шудани вазъият дар марз” ба ҷойҳои дигар кӯчонида шуданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *