Осиёи МарказӣСиёсат

Тоҷикистон эълон кард, ки посгоҳи марзбонии онҳо дар маҳалли мувофиқашуда мустақар аст

Рӯзи гузашта Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милли Қирғизистон  аз шиддат гирифтани вазъият дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дода, ҷониби Тоҷикистонро ба он айбдор кард.

Дар изҳороти  Хадамоти марзбонӣ омадааст, ки  ҷониби Тоҷикистон  соати 3.00 рӯзи гузашта  дар минтақаи Унҷу-Булаки минтақаи Чон-Олой, ба қаъри қаламрави Қирғизистон то 1000 метр ворид шуда, дар қитъаи тасвирнашудаи марз контейнерҳои худро насб кард.

Имрӯз Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин даъвои ҷониби Қирғизистонро рад карда, эълом дошт, ки посгоҳҳои сарҳадии  ин кишвар дар марз бо Қирғизистон дар қаламрави мувофиқашуда мустақар шудааст ва изҳороти қаблан дар  ВАО нашршудаи  ҷониби Қирғизистон  асоси воқеӣ надорад.

Дар ин  изҳорот, ки дар сомонаи ниҳод нашр шудааст, аз ҷумла омадааст:

“Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз изҳороти дар ВАО нашршудаи  ҷониби Қирғизистон, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз дарозии умумие, ки 986,7 км-ро ташкил медиҳад, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст. Яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар самти муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ корро идома медиҳанд ва пешниҳодҳои худро манзур менамоянд.

Тибқи созиш дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ, нуқтаҳои марзии алоҳида тавсиф карда шуданд.

Дар робита ба ин, айни замон отряди посбонони сарҳадии ҚC-и КДАМ  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон посбонӣ мекунад.”

Ёдовар мешавем, 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша аз ҷониби Қирғизистон нахуст аз сангандозӣ оғоз ёфту сипас ба тирпаррониву задухӯрдҳои шадид гузашт.  Бар асари даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва садҳои дигар маҷрӯҳ шуданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *