Осиёи МарказӣСиёсат

Туркия ба Қирғизистон кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ мерасонад

Туркия “хоҳиши” ироаи кумаки низомию фаннӣ ба Вазорати дифоъи Қирғизистон дар заминаи грантро кардааст.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев зимни шарҳи натиҷаҳои сафари расмии Президент Содир Ҷапаров ба Туркия хабар дод. Вазир тафсилоти кумаки пешниҳодшударо ироа накард.

Қазоқбоев гуфт, ки аввалин мулоқоти сиёсии Содир Ҷабборов ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар сатҳи баланд доир гардид.

Ба гуфтаи ӯ, Туркия ва Қирғизистон “шарикони стратегӣ ва кишварҳои бародаранд”, ки онҳоро таърих, анъанаҳо ва гурӯҳи забонҳои муштарак бо ҳам мепайвандад.

Ҷабборов рӯзҳои 9-10 июн ба Туркия сафари расмӣ анҷом дод. Ин нахустин сафари ӯ ба ин кишвар ба ҳайси сарвари давлат аст.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мулоқот Президенти Туркия созишномаи сулҳи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва аз тариқи гуфтушунид ҳал намудани баҳси марзро истиқбол намуд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *