СиёсатҶомеа

Усулгаро Иброҳим Раисӣ президенти нави Эрон интихоб шуд

Ба гуфтаи раҳбари Ситоди интихоботӣ, раиси Додгоҳи олии Эрон, муҳофизакор Иброҳим Раисӣ аксарияти овозҳоро ба даст оварда, президенти нави ҶИЭ интихоб гардид.  Рақиби асосии ӯ, собиқ раиси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ Муҳсин Ризоӣ  14,5 миллион камтар  раъйи мардумро ба даст овард.

Президент Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбеи 19 июн дар як муроҷиати телевизионӣ  эълом дошт, ки пас аз натиҷаҳои даври аввали интихобот раҳбари нави ҳокимияти иҷроияи кишвар интихоб шуд, вале насаби ӯро нагуфт.

Тибқи иттилои Ситоди интихоботӣ 17,8 миллион нафар (62,2 фоиз) раъйи худро ба раиси Додгоҳи олӣ, муҳофизакор Иброҳим Раисии 60-сола доданд. Рақиби асосии ӯ, собиқ раҳбари Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ  Муҳсин Ризоии ислоҳталаб беш аз 3,3 миллион  (11,5 фоиз) раъйи интихобкунандагонро ба даст овард.

Тавре AFP хабар медиҳад, интихобот дар пасманзари бӯҳрони амиқи иқтисодӣ дар кишвар ва дар шароити ҳузури ками интихобкунандагон  баргузор шуд.  Номзадҳои дигар – роҳбари собиқи Бонки марказӣ Абдулносир Ҳимматӣ беш аз 2,4 миллион овоз, муовини раиси Маҷлиси Миллӣ – Амир Ҳусейн Қозизода Ҳошимӣ беш аз 1 миллион овоз гирифтанд.

Ба гуфтаи нозирон, норозигии интихобкунандагон дар ин робита ба иштироки ками мардум дар маъракаи интихобот оварда расонд. Мухолифини хориҷ аз кишвар  эрониҳоро ба таҳрим кардани интихобот даъват карданд.

Иброҳим Раисӣ дар сурати ба ин вазифа тасдиқ шудан  аввалин президенти амалкунандаи Эрон хоҳад шуд, ки  қабл аз ба сари кор омаданаш таҳти таҳримҳои ИМА қарор дорад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *