СиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

ЧАРО ТОҶИК ДАР ВАТАНИ ХЕШ МУТАҲҲАМ АСТ?

Тазоҳурот дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Россия, норизоӣ ва нороҳатии мардум дар аэропортҳои Душанбеву Бохтару Кӯлобу Хуҷанд, ки оҷилан душманони синфии моро дар интернет хурсанд кард, ҳамааш маҳсули кори хом ва беандешонаи 1 ниҳод аст, ки метавонист ин ҳамаро дар они воҳид барҳам занад. Вале нахост ва ё накард? Ин суолест, ки дар матлаби зер ба он посух меҷӯем.

Издиҳоми мусофирони дар банд мондаи чанд хатсайри ширкати ҳавопаймоии «ИКАР-Nordwind Airlines»(«Северный ветер») аз он ҷумла дар масири Душанбе-Қазон, Душанбе-Санкт-Петербург, Душанбе-Перм, Душанбе-Иркутск ва Душанбе-Самара рӯзи 27.05.2021 дар майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боиси нигаронии на танҳо худи мусофирон, балки тамоми сокинони пойтахт гашт. Зеро Душанбе ва дар умум Тоҷикистони азиз дар тӯли 30 соли пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ боре таҷаммӯъ ё митингро надида буд. Аммо бо шарофати сиёсати «дурусти» пешгирифтаи раҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дид…

Издиҳом дар назди сафорат

Воқеан ҳам чаро пас аз баста шудани масири ҳавоӣ дар моҳи марти соли 2020, оғози парвозҳои таҳлиявӣ ё ба қавле чартерӣ дар тобистони соли гузашта, оғози парвозҳои мунтазам ва фурӯши чипта аз моҳи апрели соли 2021 ва инак манъи парвозҳои бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, маҳз мусофирони тоҷик бо мушкил рӯбарӯ мешаванд?

Мо намегӯем, ки чунин шарту шурут дар кишварҳои дигар нест, ҳаст, зеро пандемияи коронавирус таъсири хешро ба тамоми кишварҳои олам ва ҳамсояҳои мо расонидаасту парвозҳои ҳавоӣ низ то ба 1 сол бештар манъ шуда буданд. Вале дар ҳеҷ кадом кишвари ҳамсояи мо ин қадар проблема дар ин самт вуҷуд надошту надорад, ки дар Тоҷикистон ҳаст! Ва низ дар ҳамсоякишварҳо касе дар назди сафоратҳо, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва фурудгоҳҳо даст ба таҷаммӯъ назад. Пас, айб дар ош аст ё дар мош?

Дур намеравем, маҳз 1 сол пеш дар ҳамин шабу рӯз вақте ҳукуматҳои Тоҷикистону Россия ба парвозҳои чартерӣ барои овардани шаҳрвандони 2 кишвар иҷозат доданд, дар назди сафорати ҶТ дар Маскав шояд беш аз 20 рӯз таҷаммӯъи шаҳрвандони кишвари мо идома дошт. Он замон дар 1 ҳафта танҳо 1 парвоз сурат мегирифту мардуми зиёд мехостанд ба Ватан баргарданд, барояшон арзиши чипта муҳим набуд. Кор то ҳадде расид, ки ҳатто чанд нафар дипломатҳои тоҷикро мусофирони ба шӯр омада латукӯб ҳам карданд. Вазъ якхела буд, вале мо боре надидем, шаҳрвандони ӯзбеку қирғизу қазоқ дар назди сафоратҳояшон митинг карда бошанд…

Эътироз дар назди кассаҳо

Мавҷи дуюми эътирозу таҷаммӯъ аз рӯзи 1.04.2021 дар назди хазинаҳои чиптафурӯшӣ, хоса кассаҳои ширкати «Агентии алоқаи ҳавоӣ» сар зад. Мардуми мусофир пас аз ин рӯзҳои зиёд дар навбат истода, бархе бо гузашти 2 моҳ ҳанӯз ҳам наметавонанд чиптаи парвоз бихаранд. Касе, ки восита пайдо кард то 12-14 ҳазор сомонӣ чипта хариду париду рафт. Дар бораи нархи гарони чиптаҳои парвоз поёнтар боз хоҳем сӯҳбат кард, аммо 1 чиз моро нигарон мекунад ва ин ҳам митингҳои дарозмуддат дар назди хазинаи ширкати «Агентии алоқаи ҳавоӣ». Агар масъулони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ сари вақт баромада бо мардум сӯҳбат мекарданд, шояд кор чунин ранг намегирифт.

Мусофирони дармонда…

Мавҷи сеюми эътирозҳо аз 12.05.2021 дар назди фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанду Бохтару Кӯлоб сар заданд. Ин маротиб Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, алалхусус директори он Икром Субҳонзода парвозҳои ширкати ҳавопаймоии ИКАР-«Nordwind Airlines»(«Северный ветер»)-ро аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанду Бохтару Кӯлоб ба самти шаҳрҳои Маскав (Шереметево), Санкт-Петербург, Иркутск, Перм, Қазон, Самара, Екатеринбург ва Самара манъ кард. Ин боиси он шуд, ки мусофирони чипта харида аз 2 то 5 рӯз дар фурудгоҳҳо бидуни хӯроки гарму чой ва шароити даркорӣ бимонанд.

Бо гузашти 1 ҳафта ва бо назардошти он, ки мусофирони монда дар фурудгоҳҳо норизоӣ эҷод карда истодаанд, Икром Субҳонзода ба бархе аз парвозҳо иҷозат дод, вале расо пас аз 1 ҳафтаи дигар вазъият дубора такрор ва ин ин дафа мутташаниҷ гашт. Мардуми дар бандмонда рӯзи 27 май шӯрид, хест ва даст ба эътироз зад! Икром Субҳонзода пас аз дидани гузоришҳои мустақими хабарнигорон маҷбур шуд ба фурудгоҳи Душанбе омада, бо онҳо сӯҳбат кунад. Муттаассфиона, зимни сӯҳбат танҳо шиорпартоӣ карду гуноҳро ба дӯши ширкати «ИКАР-Nordwind Airlines»(«Северный ветер») партофт, ки гӯйё нархи чиптаро хеле гарон фурӯхтаанд. Ва ин дар ҳоле, ки мусофирон на барои нарху наво эътироз мекарданд. Онҳо мехостанд бо билетҳои гирифтаашон сафар кунанд. Воқеан ҳам «чапгирӣ»-и маҳз ширкати «ИКАР-Nordwind Airlines»(«Северный ветер»), ки мо факту далел дорем, на бештар аз дигарон нархи чипатро гарон кардааст, аз сӯи муаллими собиқадор- Субҳонзода Икром, малеҳтар карда гӯем, басо шубҳаомез менамояд.

«Ютэйр»-у «Урал» бачаи холаанд?

Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар сӯҳбат бо мусофирони таҷаммӯъкарда такрор ба такрор мегуфт, ки чиптаҳои харидаро бурда ба ширкат супоранду аз ширкатҳои дигар чипта харидорӣ кунанд. Нархи чиптаи ширкати «ИКАР-Nordwind Airlines»(«Северный ветер»)-ро мусофирон то 8800 сомонӣ гуфтанд, вале нархи чиптаи парвози ширкатҳои «Ютэйр» ва «Уралские авиалинии» аз 12 000 сомонӣ кам нест ку!? Ин ҷо чӣ нимкосае зери коса аст?

Рӯзи 21.05.2021 пас аз нашри матлаби интиқодӣ дар бораи фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва роҳбари он, Икром Субҳонзода ба таври оҷилӣ эълон намуд, ки ширкатҳои «Сибир», «Ямал» ва «Уралские авиалинии» эълон кардаанд, ки нархи чиптаро аз 500 доллари ИМА гарон нахоҳанд фурӯхт. Коре, ки бояд аз 1.04 2021 сурат мегирифт, на аз 21 май!

Ва чаро ширкати «Ютэйр» дар ин бора чизе нагуфт? Чаро ин ширкат ва ширкати дигари ватанӣ «Сомон эйр» хаппанд? Новобаста аз дастурҳои қатъии Икром Субҳонзода, на танҳо ин ширкатҳо, балки «Уралские авиалинии» ҳам то ба имрӯз чиптаи парвозро аз 9000 сомонӣ кам намефурӯшад! Пас, ку, иҷрои дастуру сиёсати пешгирифтаи Агентӣ?

Лағви парвози Бишкек…

Дар баробари ин бояд гуфт, ки лағви парвози хатсайри Душанбе-Бишкек-Душанбе низ ҳафтаи гузашта боиси эътирози мусофирон гашт. Шаби 26.05.2021 ҳавопаймо аз Душанбе бо 186 мусофир парвоз кард, вале пас аз 4 соати нишаст дар дохили салон, фурудгоҳи ш.Бишкек танҳо ба 9 нафар шаҳрфандони Россия иҷозати фурудро дода, ҳавопаймои моро бо 177 мусофир ба Душанбе баргардонид. Чаро дар бораи ин моҷаро, ки низ мардумро нороҳат кард, Агентии авиатсияи гражданӣ қаблан хабар надод?

Ин аст сиёсати «дуруст»?

Тамоми ин издиҳому митингҳои гӯшношунид, ки пасон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳну пахш шуданд, моро дубора ба хандахариши душманони чӣ аврупоӣ ва чӣ ҳамсояҳомон рӯбарӯ карданд. Авиатсияи тоҷик дар тӯли фаъолияти қариб 95 солаи худ ҳеҷ гоҳ бо чунин мушкил пешорӯ шуда набуд, вале маҳз бо сиёсати «дурусти» пешгирифтаи роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар 2 моҳи ахир мо бо ин ҳама издиҳому митингҳо дар минтақа дучор гардидем ва онро «дӯстони фейсбукӣ» чунон обу ранг дода пахш сохтанд, ки  бархе дӯстон аз Маскаву Санкт-Петербургу Венаву Ню-йорк занг зада, тарсу ҳарос аз он доштанд, ки дар Тоҷикистон ҷанг сар шудааст?…

Манижаи Амин, махсус барои “СССР”

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *