Осиёи МарказӣСиёсатҲамкорӣ

Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рафт. Эмомалӣ Раҳмон ӯро пешвоз гирифт.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон парвоз кард.

Дар ин бора  Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.

Сафари расмии раҳбари Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад кард.

Дар ҷараёни музокирот дар сатҳи олӣ масъалаҳои таҳкими шарикии байни кишварҳо баррасӣ шуда, нуқтаҳои нави рушд муайян карда мешаванд. Дар натиҷа  ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 30 санад, аз ҷумла:

-изҳороти муштараки сарони давлатҳо;

-созишномаҳо дар бораи таъсиси як ширкати сармоягузории Узбакистону Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

-харитаи роҳ барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расанд.

“Ғайр аз он, дар доираи сафар бастани шартномаҳои тиҷоратӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ба маблағи тақрибан як миллиард доллар пешбинӣ шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Шавкат Мирзиёев инчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, бо намояндагони мардум  мулоқот менамояд ва  аз чанд иншооти саноатии вилояти Суғд дидан мекунад.

Sputnik Таджикистан хабар дод, ки Шавкат Мирзиёевро дар фурӯдгоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *