Илм ва маорифСиёсатТоҷикистон

ШОВИНИЗМИ МАҲАЛ : Андешаҳо перомуни як чормисрагии Давлат Сафар

Тайи чанд рӯз дар ФБ, дар саҳифаи Саъдӣ Маҳдӣ ҷанги иттилоотии байни маҳал давом дошт. Гумон мекунам кадом солимфикре ба Саъдӣ маслихат дод, ки ин матлаби фитнаангезро рӯбад.

«Рубоӣ»-и Давлат Сафар телевизиони «мардумӣ»-и соли 1992 ро ба ёдам овард. Як маҳал зидди дигар маҳал натанҳо бо яроқ, балки бо хабарҳои иғвоангез низ ҷанг мекард. Ва ҳамин ҷанги иттилоотӣ дахшатноктар аз хунрезӣ буд.  Телевизиони «мардумӣ», ки  аслиҳаи иттилоотии боевикҳои исломӣ буд, ҷониби дигари сангарро маҷбур сохт, радио ва телевизиони худро дар Кӯлоб созад.

Замона дигар шуд. Имрӯз интернет бо вуҷуди бартариҳои зиёдаш дар дасти афроде, ки худо онҳоро аз ақли солим маҳрум сохтааст, ба як салоҳи мудҳиш мубаддал гаштааст. Ва пеши роҳи ин офатро гирифтан имкон надорад.

Сараввал намехостам дар бораи ин «шедевр»-и Давлат Сафар, ки аз он на танхо бӯи маҳалгароӣ, балки шовинизми маҳал низ меояд, чизе нависам.

Интизор будам, ки ҳукумат ба ин матлаби иғвоангез вокуниш нишон медихад ва Давлат Сафар – директори муассисаи давлатии «Адиб» ба истеъфо меравад. Лекин ин тавр нашуд.

«Рубоӣ» гум шуд, мушкил ҳал шуд. Шояд чунин хулоса карданд масъулини ҳукумат. Иштибоҳи нобахшиданӣ! Зеро хабари иғвоангез бо суръати рӯшноӣ паҳн мешавад ва дер дар хотири мардум боқӣ мемонад. Дигар ин ки чаро як коргари давлат, ки вазифаи масъулиятнокро дар бахши идеологӣ ба дӯш дорад, мардуми як маҳалро аз дигар маҳалхо боло мегирад ва бе ҷазо мемонад?

ФАХРЕМ, КИ НАНГУ ОРИ МИЛЛАТ ГАШТЕМ (Мардуми дигар маҳал ҳама бе нангу ор буданд!)

АЗ РӮЗИ АЗАЛ (?!) ТАБОРИ МИЛЛАТ ГАШТЕМ (Дар дигар маҳалҳои кишвар мардум аз тоҷик буданашон хабар надоштанд!)

БАЪДЕ ҲАМАРО, КИ МО САВОРӢ КАРДЕМ (Ай мардуми бадбахту бечораи Зарафшону Бадахшон, Вахшонзамину Раштонзамин, Ҳисори Шодмон, Хуҷанду Истаравшану Конибодому Исфара ва дигар ноҳияҳои шимол! Шумо ҳатто харсавориро ёд надоштед! Шукр гӯед ки…!)

КӮЛОБИИ ГАВСАВОРИ МИЛЛАТ ГАШТЕМ. (Муаллиф мардуми шарифи Кӯлобро таҳқир кардааст!)

Давлат ҳамарӯза дар ФБ ба самореклама машғул аст. Ҳамин ки ба саҳифааш даромадед, ҳатман ба акси калонҳаҷмаш ва як чормисрагиаш бармехӯред. Мисли Ҷиммӣ аз филмҳои ҳиндӣ!  Вале суол ин аст, ки агар ҳар рӯз аз худ бузург тарошӣ, бузург мешавӣ?

Шабҳои эҷодии адибон дар Иттифоқи Нависандагон аксар вақт як комедияро ба хотир меоранд. (Маъзарат мехоҳам аз раиси Иттифоқи нависандагон, дӯсти арҷманд Низом Қосим! Ман бовар дорам, ки эшон зидди ҳамин гуна намоишкорӣ аст. Вале чӣ илоҷ?)

Қаҳрамони толорро дар кунҷи саҳна пушти мизи кӯчак мешинонанд. Миз бо гулдонаҳо оро ёфтааст. Аз ваҷоҳати қаҳрамон толор бе чуну чаро бояд хулоса барорад: шумо бузургед, беназиред, алломаед! Баъд паси ҳам мухлисон ба саҳна мебароянду дар ҳаққи бузургвор мадҳу сано мехонанд.

Ҷанобашон мешунаваду лаззат мебарад. Мисле ки садои андалеб ба гӯшаш мерасад.

Баъд аз ин суханҳои ширину гуворо ӯ илҳом мегираду аз ҷой бархеста, чанд шеър мехонад. Ва аз қарсакзаниҳои толор, аз гулу гулдастаҳо ба ваҷд меояд! Ӯ имрӯз хушбахттарин инсони рӯйи дунё аст!

Баъд навбат ба устодони санъат мерасад. Шояд аксари аҳли толор ҳаминро интизор буданд? Консерти ройгон!

Телевизиони тоҷик аз ин чорабинии «таърихӣ» як гузориши муфассал намоиш медиҳад. Худи қаҳрамон сабти видои шаби эҷодиашро дар ватсапу вайберу имо ва ютубканал паҳн мекунад. Аҳсан ба интернет! Баъд аз ин касе ба бузургии қаҳрамони  толор шак меоварад?

Хуллас, ҳамон маризии саҳнасозӣ, ки ба Иттифоки Нависандагон низ сироят кардааст!

Шаби эҷодии Давлат Сафар, бахшида ба панҷоҳсологиаш аз рӯйи хамин сенарияи қолабӣ дар толори Иттифоқи нависандагон сурат гирифт.

Сабти видеои ин шабнишинӣ ба ман ҳам расид. Ва ман онро ба як адабиётшиноси маъруфи тоҷик, ки нахост номашро ошкор кунам, фиристодам ва назарашро нисбати эҷодиёти Давлат пурсидам. Ӯ чунин гуфт: «Вазну қофияи ашъори Давлат дуруст аст. Лекин шеъри Давлатро шеър гуфта намешавад. Бадбахтона имрӯз сатҳи маърифати ҷомеаи тоҷик ба маротиб поин рафтааст. Ва ҳамин қофиябандӣ ҳамчун шеър пазируфта мешавад. Ва саррофони гавҳарношинос, ки худро адабиётшинос мепиндоранд, дар маҳфилҳо ана хамин гуна қофиябандиро бешармона шеър унвон мекунанд.»

II

Аз рӯзи аввал сиёсати президент Эмомалӣ Рахмон возеҳу равшан буд – ба ҳам овардани миллат, якпорчагии Тоҷикистон. Дар зарфи қариб сӣ сол ӯ дар ин ҷода корҳои бузургро анҷом дод ва дар талоши расидан ба ҳадафи стратегиаш муваффақ ҳам шуд:

— миллати дар ду сангар зидди ҳам қарор гирифта ба ҳам даст доданд;

–сулҳу осоиштагӣ дар кишвар барқарор шуд;

–садҳо ҳазор гуреза ба Ватан баргаштанд;

–ҳизби зархариди наҳзат баъди кӯшиши табаддулоти соли 2015 саркӯб шуд.

Дар бораи дигар дастовардҳояш намегӯям, ин мавзӯи матлаби дигар аст.

Лекин дар давоми 25 соли охир бахши идеологии ҳукумат (бо истиснои чанд нафар инсонҳои воқеан донишманд) ҳамчун як сохтори дар кори худ бе салоҳият боқӣ мондааст.

Мисоли равшан ана ҳамин Давлат Сафар аст. Борҳо изҳоротҳояш, назми сиёсиаш боиси хандахариш шуданаш гаштаанд ва ба суди оппозитсия  анҷом ёфтаанд.

Борхо ба намояндагони ҳукумат гуфтаам, ки даҳони давлатсафарҳоро бандед! Аз ин гуна ҷанговарони иттилоотӣ набуданашон беҳтар аст! Инҳо дӯстони нодони ҳукуматанд, ба ҳукумат “хизмати хирсона” мекунанд! Аз инҳо дида, ҳамон душманҳои доно камтар хатар доранд!

Лекин давлатсафарҳо ҳамоно дар майдонанд…

Саломиддин Мирзораҳматов, рӯзноманигор ва собиқ ходими давлатӣ.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *