Осиёи МарказӣСиёсатҲамкорӣ

Қазоқистон дар бораи кӯмакҳои низомияш ба Қирғизистон ва Тоҷикистон изҳори назар кард

Қазоқистон мегӯяд,  ки кӯмакҳои низомӣ-техникӣ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон барои мусоидат ба ҳалли баҳсҳои марзӣ байни ин кишварҳо расонида намешаванд.

Дар ин бора  Tengrinews  бо такя ба Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар додааст.

Таъкид шудааст, ки моҳи декабри соли 2019 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Қазоқистон  барои расонидани кӯмакҳои ҳарбӣ-техникӣ дар робита ба шиддат ёфтани вазъ дар минтақаи марзи Тоҷикистону Афғонистон муроҷиат кард. Созишномаи байниҳукуматӣ бошад, миёни кишварҳо дар бораи расонидани кӯмаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ  17 апрели соли 2021 ба имзо расид.

Вазорат таъкид кард, чунин қарордод бо Қирғизистон рӯзи 2 март ба имзо расид.

«Ин қарордодҳо бо Қирғизистон ва Тоҷикистон қабл аз ташдиди баҳсҳои марзӣ байни ин давлатҳо ба имзо расида буданд. Ҳоло кор барои тасдиқи созишномаҳои имзошуда идома дорад. Таҳвили таҷҳизоти ҳарбӣ-техникӣ танҳо пас аз ба мувофиқа расидани ду кишвар дар бораи ҳалли зиддиятҳои мавҷуда ва ба эътидол овардани вазъ сурат мегирад », – гуфта мешавад дар паём.

Қайд карда мешавад, ки тибқи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон узви он мебошанд, кишварҳои аъзо вазифадоранд аз истифодаи зӯр ё таҳдид алайҳи якдигар худдорӣ кунанд. Аз ин лиҳоз, онҳо набояд кӯмаки ҳарбӣ-техникиро бо мақсади ҳалли баҳсҳои марзӣ истифода баранд.

Пештар хабар дода шуд, ки Вазорати мудофиаи Қазоқистон лоиҳаи қонун дар бораи расонидани кӯмаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ ба Тоҷикистонро оғоз кардааст. Он барои тавзеҳи умум то 17 июн дар портали «Открытые НПА»    нашр шуд. Баъдтар маълум шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 дар Нур-Султон чунин Созишнома дар бораи кӯмаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ байни Ҳукуматҳои Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам ба имзо расида буд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *