Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов бо ҳам гуфтушунид хоҳанд кард

Дар ноҳияи Ҷон-Алайи вилояти Уш мулоқоти сарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.

Дар ин бора  – ​​24.kg бо истинод ба мулоқоти Қамчибек Тошиев бо сокинони вилоят хабар дод.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон  қайд кард, ки вазъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳти назорати президент Содир Ҷабборов қарор дорад.

“Як ҳазору сад гектар замин дар мавзеи Унҷу-Булоқ як минтақаи номаълум аст. Тоҷикистон дар асоси харитаҳои солҳои 1924 ва 1989 даъво дорад, ки замин ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо мо имрӯз ҳам таъкид мекунем, ки ин ҳоло мушаххас нашудааст.  Тоҷикистон вақтҳои охир кӯшиш мекунад, ки минтақаҳои мушаххасношударо аз худ кунад ”,-  гуфт Қамчибек Тошиев.

Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқоти қарибулвуқӯъ бо ҳамтои тоҷикаш Саймумин Ятимовро эълон кард. “Масъалаҳои марзӣ бояд ба таври осоишта ҳал карда шаванд – бидуни истифодаи қувваи низомӣ, бидуни зарар ба аҳолии маҳаллӣ”, – таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унҷу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контенерҳо насб кардаанд.  Дар ин робита субҳи имрӯз ВКХ Қирғизистон ба сафири кишвари Тоҷикистон дар ин кишвар нотаи эътирозӣ супурд. Пас аз он Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон дар робита ба изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди ин ки гуё Тоҷикистон тавофуқоти бадастомадаро ба эътибор намегирад, нотаи эътирозӣ супурд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *