Осиёи МарказӣСиёсатФасод

Қамчибек Тошиев эҳтимолияти боздошти президентҳои собиқро эълон кард

Дар доираи тафтишоти парвандаи ҷиноии “Қумтор”, эҳтимол меравад, ки президентҳои собиқи Қирғизистон низ  ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Тибқи иттилои бахши қирғизии радиои “Озодӣ” дар ин бора дар Ҷалолобод раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Тошиев иттилоъ дод.

«Дар доираи парвандаи ҷиноии “Қумтор” ягон таъқиби сиёсӣ вуҷуд надорад. Мо вазифадорем, ки собиқ Сарвазирон, Раисони Порлумон, вакилон, мансабдорони калон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷиноят даст доранд,  ба ҷавобгарӣ кашем . Гузашта аз ин, эҳтимол дорад, ки ҳатто баъзе Президентҳои собиқро бозпурсӣ намоем, зеро онҳо бевосита ба ин иртибот доранд », – гуфт ӯ.

Тошиев гуфт, ки дар тӯли 25 соли охир мансабдорон  ба бозичаи дасти “Қумтор”  мубаддал шуда буданд, аммо ҳоло ин тавр нахоҳад шуд. “Ҳукумати кунунӣ, ки ба он президент Содир Ҷабборов сарварӣ мекунад,  ба лӯхтаки дасти Кумтор, қаллобон ва мансабдорони фасод табдил нахоҳад шуд”, – илова кард роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.

Тайи чанд рӯзи охир дар Қирғизистон як қатор ҳабсҳои пурсарусадо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, вакилони парлумон Асилбек Ҷеенбеков, Торобой Зулфиқоров, вакилони собиқ Исҳоқ Пирматов ва Талантбек Узакбоев боздошт шуданд. Имрӯз додгоҳ барои сарвазири собиқ Омурбек Бабанов чораи пешгирикунанда интихоб мекунад. Ҳамчунин собиқ сарвазирҳо Игор Чудинов ва Темур Сариев, собиқ депутат Мақсад Собиров, вакил Рискелдӣ Момбеков барои бозпурсӣ даъват карда шуданд.

Бояд гуфт, ки боздошту ҳабс ва аз кишвар фирор намудани собиқ  раисҷумҳурону сарвазирон ва мансабдорони баландпояи Қирғизистонро агар баъзе аз коршиносони масоили сиёсӣ раванди устувор шудани раванди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва мубориза бар зидди фасод ва диктатура  арзёбӣ кунанд,  бархи дигар аз дасти як гурӯҳи ҷиноӣ ба дасти гурӯҳи ҷиноии дигар гузаштани ҳокимият медонанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *