ИқтисодТоҷикистон

Қарзи андози воҳиди зертобеи Бек Сабур аз эътибор соқит дониста мешавад

Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон ҶСК “Тоҷиктелеком”- воҳиди зертобеи Хадамоти алоқа аз супоридани пардохти андозу ҷарима озод карда мешавад.

Тибқи иттилои Asia Plus ин қарор  дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Гуфта мешавад, ки “қарзҳои ин ширкат аз пардохти андоз ба маблағи зиёда аз 11 млн сомонӣ (ҳудуди 1 млн доллар), аз ҷумла наздики 5,5 млн сомонӣ андоз ва зиёда аз 5,5 млн сомонӣ фоиз ва ҷарима ба онҳо аз эътибор соқит карда мешавад”.

Қаблан Раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода   ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро  яке аз қарздорони асосӣ аз пардохти андоз номбар карда буд. Қарзи ин корхона дар аввали соли равон аз марзи 86 млн ( 7, 6 млн доллар ) убур кард.

Гуфта мешавад, ки “ҳамчунин андозу фоиз ва ҷаримаҳои ширкати “Медимпекс” ба маблағи умумии зиёда аз 312 ҳазор сомонӣ, зиёда аз 4,5 млн сомонии ҶСК “Хоҷагии нақлиёти №2 ва дигар корхонаҳои дар шаҳри Кӯлоб сабтиномшуда: корхонаи фаръии обу корези шаҳри Кӯлоб, ҶСК “Пахтаи Кӯлоб”, ҶДММ “Фаридун-К”, ҶДММ “Хишти Кӯлоб”, ҶДММ “Суғдиён”, ҶСК “Кӯлобгаз”, ҶДММ “Лоиқ”низ эътибор соқит дониста мешаванд”.

Ёдовар мешавем, ки  оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, ягона дастраскунандаи интернет дар Тоҷикистон   ширкати зертобеи Бек Сабур аз хешовандони Раисҷумҳур  буда, дар бозори телекоммуникатсионии кишвар ба тиҷорат машғул аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *