Осиёи МарказӣСиёсат

Қирғизистон аҳолиро аз минтақаи марз бо Тоҷикистон мекӯчонад

Қирғизистон аз минтақаи Унҷу-Булоқи минтақаи Ҷон-Олойи вилояти Уш пирон, занон ва кӯдаконро интиқол медиҳад.

Дар ин бора ба хабаргузории 24.kg сокинони маҳаллӣ хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки деҳаро тарк кунанд ва ҳамчунин ба шаҳраки Дарот- Қурғон биёянд.

“Дар аввал ба мо гуфтанд, ки музокиротро Қамчибек Тошиев мегузаронад, баъдтар онҳо хоҳиш карданд, ки ба ҷои дигар биравем”, – изҳор доштанд мардум ба хабаргузорӣ.

Баъдтар тибқи иттилои Kaktus  Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон шарҳ дод, ки сокинони минтақаи Чон-Олой аз сабаби “муноқиша дар марз” ба дигар ҷой интиқол дода мешаванд.

“Мувофиқи вазъияти мавҷуда, имрӯз аз соати 19:30 сокинони ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Уш,  деҳаҳои Ҷекенди, Қаро-Тейит, Қаро-Мик, Чулук ва Шибе кӯчонида мешаванд”, – хабар медиҳад  Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон.

Таъкид мешавад, ки шӯъбаҳои минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳбарияти минтақаи Ҷон-Олой ва комиссияи мудофиаи шаҳрвандӣ дар ин маърака ширкат мекунанд. Роҳбарияти шӯъбаи ноҳияи Ҷон-Олойи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон кӯчонидани шаҳрвандонро ташкил мекунад. Ғайр аз он, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба ташкили кӯмакҳои башардӯстона шурӯъ кард. Тамоми чорабиниҳои тахлия таҳти роҳбарии шахсӣ ва назорати қатъии Вазири ҳолатҳои фавқулода Бобек Аҷикеев гузаронида мешаванд.

Имрӯз роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ эълом дошт, ки   бо ҳамтои тоҷикаш Саймумин Ятимов мулоқот хоҳад кард. “Масъалаҳои марзӣ бояд ба таври осоишта ҳал карда шаванд – бидуни истифодаи қувваи низомӣ, бидуни зарар ба аҳолии маҳаллӣ”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унҷу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контенерҳо насб кардаанд.  Дар ин робита субҳи имрӯз ВКХ Қирғизистон ба сафири кишвари мо дар он давлат нотаи эътирозӣ супурд. Пас аз он Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди ин, ки гӯё Тоҷикистон тавофуқоти бадастомадаро ба эътибор намегирад, ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супурд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *