ИқтисодСиёсатҶаҳон

Ҳафиз Бобоёров:” Оянданигарии ҷаҳонталабон”

Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик

Cенати ИМА лоиҳаи қонунеро бо бештари овоз қабул кард, ки 250 миллиард доллар барои ҳимояи навоварии илмӣ ва технологӣ дар кишвар равона мекунад. Баъди ҳимояи молии барномаи кайҳонии “Апполон” дар даврони Ҷанги Сард, бори нахуст аст, ки Амрико бо чунин ҳаҷми бузург дар соҳаи илму техника маблағгузорӣ мекунад. Бисёре аз коршиносони амрикоӣ ва хориҷӣ омили асосии ин тасмими якҷояи демократҳо ва ҷумҳурихоҳонро дар дастовардҳои афзояндаи Чин дар соҳаи илму техникаи муосир медонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки навовариҳои технологии Чин дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, сар карда аз Ҳуши Сохта (AI) то бесарнишинҳои ҳарбӣ, пешсаф буда, бозорҳои наверо аз худ мекунанд, ки то соли 2010 дар ихтиёри Амрико ва ҳампаймононаш дар Аврупои Ғарбӣ ва Шарқи Дур буданд. Қонуни нав қайд мекунад, ки ҳар кишваре дар навовариҳои илмию техникӣ пешсаф бошад, дар бозори ҷаҳонӣ саҳми бештар хоҳад дошт ва ҳар кишваре, ки дар бозори ҷаҳонӣ саҳми бештар дорад, мавқеи сиёсияш низ устувор хоҳад буд. Маълум мешавад, ки нигаронии асосии Амрико тадриҷан аз даст додани саҳми иқтисодӣ ва мавқеи сиёсияш дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Новобаста ба харҷи қариб 700-миллиарддоллараи ИМА дар соҳаи ҳарбӣ, Чин тадриҷан ба абарқудрати рақами 1 табдил меёбад.

Дар ҷаҳони постмодерн дигар ҳеч абарқудрате афзалияти маънавӣ барои ҷаҳонсолорӣ надорад. Ҳамаи абарқудратҳо, аз он ҷумла ИМА ва Чин нишон доданд, ки ҷаҳонхоҳии онҳо бо ҳадафи “хайр”, чун озодӣ, демократия, баробарӣ ва монанди инҳо нест. Онҳо ҳатто манфиатҳои миллии худро пайгирӣ намекунанд. Балки ҳар кадоме манфиатҳои доираҳои муайянро дар бозори ҷаҳонӣ ҳимоя мекунанд. То солҳои наздик расонаҳои ғарбӣ метавонистанд аз Амрико ва шарикони стратегии он чеҳраи озодихоҳ ва демократӣ ба намоиш гузоранд. Аммо як қатор ҳодисаҳо, аз он ҷумла ҷангҳо дар Ховари Миёна ва Афғонистон, Балкан ва Украина ва ҳамчунин фошкориҳои системаи истихборотии Амрико аз дохили худи система (чунончи аз тарафи Эдвард Сновден ва Юлиан Ассанж) дурӯғин будани ин чеҳраро ошкор кард. Ҳамин гуна, Амрико ҳуқуқи маънавии худ ба пештози ҷаҳонӣ буданро аз даст дод. Дигар он наметавонад дар муқобили кишварҳое чун Русия, Чин ва Эрон, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд, овоз баланд кунад. Путин дар мавриди қазияи Қрим гуфт, ки чаро Ғарб хилофи қарордоди байналмилалӣ истиқлоли Босния ва Ҳерзеговинро эътироф кард ва ҳатто барои ба ин натиҷа расидан аз неруи ҳарбии НАТО истифода бурд? Чаро бо иддаои озодӣ ва демократия дар кишварҳои диктаторӣ чанд кишвари арабӣ, чун Либия, Ироқ ва Сурияро ба ҷангу хунрезӣ кашид, вале дар мавриди Арабистони Саудӣ ва дигар ҳампаймонони диктаториаш дар Ховари Миёна хомӯш монд? Чаро дар робита ба қатли ваҳшиёнаи рӯзноманигори худ Ҷамол Хашоггӣ коре накард? Дар робита ба вазъияти уйғурҳо,Чин низ ба он ишорат мекунад, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ озодӣ ва демократия меъёр нестанд. Русия ва Эрон низ фишору таҳдид ва саркӯбии дигарандешонро ба он рабт медиҳад, ки тавассути онҳо низомҳои султаи Ғарб ҳадафҳои худро мехоҳанд амалӣ созанд.

Пайгирии манфиатҳои доираҳои муайян боиси шикасти ниҳоии Амрико дар фазои пасошӯравӣ гардид. Фошкориҳои Викиликз тасдиқ мекунанд, ки дар даҳсолаҳои охир Амрико тавассути ниҳодҳои дахлдори худ дар Тоҷикистон аз пайи пайдо ва пуштибонӣ кардани элитаи нави сиёсӣ будааст. Талаботи асосӣ барои ин элитаи нав на вафодории онҳо ба арзишҳои демократӣ, балки заминаи иҷтимоии онҳо ба шумор мерафт. Хадамоти амрикоӣ ба ин назар буданд, ки оппозитсияи исломӣ аз чунин замина бархурдор ҳастанд, дар ҳоле ки аксарияти мардум ба арзишҳои исломӣ пойбанд мебошад. Таҳлилгарони онҳо ё вазъиятро дуруст ташхис дода наметавонистанд ва ё мехостанд элитаи навро дар асоси мантиқи толибонисозии ҷомеа ташаккул диҳанд. Ба назар мерасад, ки Амрико аз шикасти чунин лоиҳаи прагматикӣ дар Тоҷикистон ва умуман дар фазои пасошӯравӣ сабақе наомӯхтааст ва ё таҳлилгарони прагматикаш ҳамин қадар фаҳмиш доранд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *