ИқтисодТоҷикистонҶомеа

Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Ҳаҷми интиқоли пулҳои шахсони алоҳида аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 329 миллион долларро ташкил дод.

Тибқи иттилои Asia-Plus, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 9,2% камтар аст.

Гуфта мешавад, ки маблағи миёнаи як интиқол аз 159 доллар дар семоҳаи аввали соли 2020 то 126 доллар дар ҳамин давраи соли равон коҳиш ёфт.
Дар соли 2020 ҳаҷми интиқоли шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 32,4%, яъне аз 2 миллиарду 576 миллион доллари соли 2019 то ба 1 миллиарду 741 миллион доллар кам шуд.

Коҳиши ҳаҷми интиқолҳо дар баробари бад шудани вазъи иҷтимоии бисёр хонаводаҳо боиси касри асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ гардид.
Аҳамияти пуле, ки муҳоҷирон барои Тоҷикистон мефиристанд, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин интиқолҳо касри се каратаи гардиши савдои хориҷии ҷумҳуриро мепӯшонанд.

Камбуди асъори хориҷӣ барои хариди маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти хориҷӣ  соли дуюм аст, ки аз ҳисоби содироти филизот ва сангҳои гаронбаҳо ва нимагаронбаҳо таъмин карда мешавад.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2020 чунин маҳсулот ба хориҷа ба маблағи тақрибан 690 миллион доллар фурӯхта шуд, ки ин нисфи тамоми содироти ҷумҳуриро ташкил дод.

Содироти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо имсол ба таври назаррас афзоиш ёфт: танҳо дар панҷ моҳи аввали соли равон ин маҳсулот аз кишвар ба маблағи 708 миллион доллар содир шуд.

Даромади миёнаи моҳонаи асъор аз ҳисоби фурӯши филизот ва сангҳои гаронбаҳо дар соли 2020 $ 58 миллион ва дар панҷ моҳи соли ҷорӣ – 142 миллион долларро ташкил дод.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *