Ҳуқуқи башар

Ҳукумати Русия барои муҳоҷирон талаботҳои навро тасдиқ кард

Ҳукумати Русия талабот дар сатҳи ҳадди ақалл донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро барои коргарони хориҷӣ тасдиқ кардааст. Ин санад сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия  нашр шудааст.  

Ҳамин тариқ, тибқи талаботи нав, муҳоҷирон бояд дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва маишӣ ва баъзе касбҳо озодона ҳарф зананд. Ин талабот пеш аз ҳама ҳангоми  ба кор қабул кардан, машварат дар беморхона ва тамос бо полис дахл дорад. Онҳо инчунин вазифадор мешаванд, ки ҳуҷҷатҳо ва аризаҳои заруриро пур карда тавонанд.

Ҳангоми супоридани имтиҳон аз таърихи Русия дониши онҳо дар бораи рӯйдодҳои муҳим, номҳои шаҳрҳои калонтарин ва идҳои бузурги давлатӣ санҷида мешаванд.

Ғайр аз он, муҳоҷирон бояд ҳангоми будубош дар кишвар бо ҳуқуқҳо, озодиҳо ва ӯҳдадориҳои асосии худ шинос шаванд.

Қайд карда мешавад, ки ин талаботҳо, ба истиснои баъзе ҳолатҳо, ба онҳое низ дахл доранд, ки танҳо қасд доранд дар Русия муваққатан зиндагӣ кунанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *