Ахбор

Ҳуқуқшинос Абдумаҷид Ризоев барои навиштаҳояш дар Фейсбук ба муддати 5,5 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуқуқшинос Абдумаҷид Ризоев, собиқ  корманди созмони дифоъ аз ҳуқуқ “ Ампаро”  ва дар айни замон корманди  созмони ҷамъиятии “Дурахшон гурӯҳ”, ки ба корафтодагон машварати ҳуқуқӣ медиҳад, барои навиштаҳояш дар саҳифааш дар “Фейсбук” 14 июн ба муддати 5,5 сол аз озодӣмаҳрум кард.

Вакили дифои Ризоев Дилафрӯз Самадова рӯзи 16 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтишот навиштаҳои зерҳимояашро “ифротгароӣ ва ноустувор сохтани амнияти миллӣ” арзёбӣ намуд, парвандаи ӯро “  бар асоси моддаи 307, иловаи 2, қисми 2 “даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи Интернет” баррасӣ кардааст.

Дилафрӯз Самадова гуфт, ки додситонӣ пас аз таҳлили  чанд навиштаи ӯ дар саҳифаи Фейсбук, аз ҷумла “ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”, шеъри “Падаре бар писаре гуфт ба қаҳр, Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар”, ки ҳама  мазмуни фалсафӣ доранд, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал  баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ” мерасонад, айбдор намудааст. Вале шеър пас аз ташхиси забоншиносон, ки муҳтавои фалсафӣ дорад, ҳамчун иттиҳом аз парванда ҳазф шуд

Ба андешаи Дилафрӯз Самадова зерҳимояааш бегуноҳ буда, ҳеҷ гоҳ “ифтотгаро” набуд ва қонунеро нақз накардааст.

Соли 2016 ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мафҳуми “сафедкунии оммавии экстремизм ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет” тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он  гузоштани писанд ё лайк ба маънои сафедкунӣ ва ё тарғиби ғояҳои ифротӣ қаламдод мешавад.

Коршиносон бар он назаранд, ки  бо ин баҳона дар Тоҷикистон озодандешонро таъқиб мекунанд. Мақомот ин ҳарфро рад мекунанд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *