Осиёи МарказӣҲамкорӣ

Ӯзбакистон ва Тоҷикистон масъалаи эҳёи ҳаракати автобусҳоро баррасӣ мекунанд

Мақомоти Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дурнамои барқарор кардани хидмати автобус дар байни шаҳрҳо, аз қабили Тошканд, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳоро баррасӣ карданд.

Ин мавзӯъ, тибқи иттилои  хадамоти матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои берунаи Тоҷикистон, 5 июн  дар мулоқоти  муовини Сарвазир – Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мавриди гуфтушунид қарор гирифт.

Ҷонибҳо таҳияи ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва созишномаҳои байниҳукуматиро, ки қарор аст дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯъи президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расанд, баррасӣ карданд.

Ғайр аз ин, ташкили сафарҳои мутақобилаи кормандони фарҳанг, санъат, илм, инчунин намояндагони ҷавонони ду кишвар ба минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқа карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таблиғи бренди сайёҳии Роҳи Абрешим ва амалисозии лоиҳаҳои рушди сайёҳии зиёрат (туризми ҳоҷиён) ҳамкорӣ кунанд.

Ҳаракати автобус байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, пас аз 26 соли танаффус, 15 майи соли 2018 аз сар гирифта шуд. Аммо аз 16 марти соли 2020, бинобар пандемияи бемории КОВИД-19, Ӯзбакистон иртиботи роҳи автомобилгардро бо дигар кишварҳо маҳдуд кард ва аз 1 сентябр тадриҷан маҳдудиятҳоро аз байн бурд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти ҳар ду кишвар дар бораи сохтмони роҳи оҳан миёни шаҳрҳои Самарқанд ва Панҷекат ба мувофиқа расиданд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *