СиёсатТоҷикистон

5 САВОЛИ РАҶАБИ МИРЗО БА ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР БОРАИ “МАРШИРОВКА”

Ҷаноби вазир, мехоҳем, ё не, як мавзӯи муҳим ва баҳсталаби 20 соли ахири бахши маорифи Тоҷикистон ҷалби хонандаҳои макотиби миёна ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамин ба истилоҳ “маршировка” аст. Масъулин инро ба ҷумлаи эҳсосоти ватанпарварона ворид мекунанд, аммо ҳич гоҳ ба паҳлӯҳои ҳуқуқии масъала дахл накардаанд. Мо бар инем, ки ҳар мавзӯъ, агар дар доираи қонун ва мантиқ набошад, ба эҳсосоти мардум натиҷаи баръакс медиҳад. Инро бархӯрди корбарони гурӯҳи Фейсбукии “Ахбор барои афкор” ва дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ ҳам исбот мекунад. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем ба масъала сирф бархӯрди ҳуқуқӣ дошта бошем ва ин 5 саволи усулӣ ҳам ба ҳамин хотир аст, ки аз вокуниши мардум баромада. Бовар дорем, Шумо саволҳоро тибқи қонунгузории Тоҷикистон баррасӣ намуда, дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун посух медиҳед:

1.”Маршировка” то куҷо ба доираи вазифа ё ӯҳдадориҳои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дохил мешавад?

  1. Кадом қонун, ё заминаи ҳуқуқӣ масъулини вазорат, роҳбарони мактабҳо ва донишгоҳҳоро иҷозат медиҳад, ки хонандагони мактаб ё донишҷӯҳои донишгоҳро ба чунин чорабиниҳо ҷалб намояд?
  2. Барои истифодаи мактаббачаҳои ноболиғ дар ҳар чорабинии берун аз барномаҳои таълимӣ, ҳамон тавре ҳуқуқшиносон мегӯянд, қонунгузорӣ ризоияти хаттии падару модарро ҳатмӣ медонад. Оё ҳамаи волидони хонандагони мактабҳо, ки дар ин маъракаҳо иштирок мекунанд, чунин иҷозатро додаанд?
  3. Барои донишҷӯён, ки шахсони болиғанд, танҳо дар сурати ризоияти шахсӣ ва ташкил намудани шароити созгор имкони ҷалб дар чунин чорабиниҳо вуҷуд дорад. Барои донишҷӯёне, ки дар “маршировка” -ҳо ширкат мекунанд, касе пул, ё ғизо медиҳад? Барои ширкаткунандагони чунин маъракаҳо вазорат, ё донишгоҳ имтиёзе хоҳад дод? Бар асоси кадом заминаи ҳуқуқӣ?
  4. Хонандаи мактаб, ё донишҷӯи донишгоҳ ҳақ дорад, ки  иштирок дар ин гуна иқдомҳоро рад намояд? Агар рад кард, оё ӯро муҷозоте интизор шуда метавонад?

Қаблан барои ҳамкорӣ ва посухи суолҳо изҳори сипос мекунем.

Бо эҳтиром Раҷаб Мирзо, Маъмури гурӯҳи Фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки ҳудуди 70 000 корбар дорад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *