АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Бар асари тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон як марзбони тоҷик захмӣ шуд

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон  ҷузъиёти ҳодисаи тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод.

Тибқи иттилои хабаргузории 24.kg  мабнӣ ба гуфтаи Хадамоти марзбонӣ, дар минтақаи Қум-Мазори вилояти Ботканд  шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни розигии ҷониби Қирғизистон ба тоза кардани маҳал аз  қум шурӯъ карданд.

Гуфта мешавад, ки марзбонони Қирғизистон, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Ҷониби Тоҷикистон ба талабҳои ҷониби Қирғизистон дар бораи қатъ кардани кор итоат накард. Гузашта аз ин, тоҷикон кӯшиш карданд, ки шаҳрвандони Қирғизистонро латукӯб кунанд ва задухӯрди лафзӣ ба сангандозӣ табдил ёфт.

Ҷониби Қирғизистон дар вақти муноқиша  марзбонони кишвари ҳамсоя ба сӯи Ҷумҳурии Қирғизистон тир холӣ карданд. Дар посух марзбонони Қирғизистон низ оташ кушоданд. Касе осеб надидааст. Бо мақсади пешгирӣ аз ташдиди муноқиша, сардори Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Ботканд полковник Киёлбек Толонбоев дар ҷои ҳодиса қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир, дар минтақаи Қум Мазар, мулоқот дар сатҳи намояндагони марзии ҷонибҳо бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор мешавад

Ҷониби Тоҷикистон ҳодисаро ин гуна шарҳ доданд:

“Ҳоло мавсими табобати тобистонӣ аст. Чанд тан аз сокинони Чоркӯҳ барои баҳра гирифтан аз қуми тасфон ба “Қуммазор” рафтаанд, аммо сарҳадбонони қирғиз барои ин монеъгӣ карда барои тарк намудани сокинон ба ҳаво тир кушодаанд. Дар ҷавоб ба ин амали қирғизҳо сарҳадбонони кишвари мо ҳам чанд тир ба ҳаво холӣ кардаанд”, – гуфт Sputnik бо истинод ба як манбаъ аз ҷамоати Чоркӯҳ.

Манбаъи Sputnuk Тоҷикистон хабар додааст, ки дар пайи тирпарронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, як сарбози Қушӯнҳои марзбонии Тоҷикистон Шуҳрат Қурбонов захмӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, мазбони тоҷик дар шӯъбаи осебшиносӣ (травмотология) дар Бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *