Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

Гурӯҳи кории СПАД ба манзури назорати вазъи марз бо Афғонистон вориди Тоҷикистон шуд

Гурӯҳи фаврӣ таҳти сарварии генерал-полковник Анатолий Сидоров, сардори Ситоди муштараки СПАД имрӯз вориди Тоҷикистон шуд.

Гурӯҳи афсаронро як ҳавопаймои Нерӯҳои фазонавардии Русия аз Маскав ба Душанбе расонд, – хабар дод котиби матбуоти Ситоди муштараки СПАД Владислав Шегрикович.

“Ҳадафи аслии кори гурӯҳи фаврӣ назорати вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ва омода кардани пешниҳодҳо барои чораҳои муштарак дар қолаби СПАД мебошад”, – гуфт Анатолий Сидоров.

Ба гуфтаи котиби матбуот дар чаҳорчубаи ин сафар мулоқотҳои корӣ бо роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута дар назар аст.

Сафари Сидоров ба Тоҷикистон дар пасманзари ҳамлаи Толибон ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон (ҳаракати Толибон, як созмони террористии дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ), инчунин убури низомиёни афғон аз марзи Тоҷикистон сурат мегирад.

Русия, дар сурати зарурӣ, омода аст барои кумак  дар таъмини амният дар марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон талошҳои иловагӣ ба харҷ диҳад, – гуфт рӯзи сешанбе муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко.

Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бояд то 11 сентябр нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунанд. Хуруҷи нерӯҳо дар пасманзари фаъол шудани ҳаракати Толибон дар Афғонистон сурат мегирад. Аз моҳи май Толибон бо амалиёти густардаи низомӣ  нерӯҳои ҳукуматро танг мекунанд. Тибқи иттилои расонаҳо, Толибон аз 370 ноҳияи кишвар 110 ноҳияро ишғол кардаанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *