АхборТоҷикистонҶомеа

Даргузашти шоир Саидалӣ Маъмур пас аз марги ҳамсар ва писараш

Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур 24-уми июл дар синни 77 солагӣ бар асари бемории КОВИД-19 аз олам даргузашт.

Саидалӣ Маъмур пас аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва Иттифоқи нависандагон кору фаъолият кардааст. Аз шоир маҷмӯаҳои шеърии “Заврақи умед” , “Савганд” , “Солгиреҳ”, “Гарди Офтоб”, “Овои мурғи шабовез” ва барои кӯдакон маҷмӯаҳои “Сӯзанак”, “Навоҳои Гулдара” , “Карчи харбуза” , “Анӯшаҷони ҷони мо” , “Алвончак”  ба нашр расидаанд.

Пештар аз ин 2-уми июл ҳамсари шоир Роҳат дар синни 72 солагӣ ва 2 июл писараш Фарзон дар синни 43 солагӣ ҳам аз ин беморӣ  фавтиданд.

Бемории КОВИД-19 аз баъзе хонаводаҳо ду ва ҳатто се нафарро ба коми марг бурд. Тайи як соли охир пас аз даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Сурӯди миллӣ Гулназар писарашон Дилшод ва забоншинос Баҳриддин Камолиддинов бо духтаронашон Гулнора ва Нигина ҷони худро бар асари ин беморӣ бохтанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *