ҶаҳонҶомеа

Дар Лужники барои муҳоҷирон маркази эмгузаронӣ боз шуд

Дар Маскав Маркази нави воксинзанӣ аз бемории ҳамагири COVID-19 боз шуд, ки асосан барои кор бо хориҷиён пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора  сомонаи раиси шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин 7 июл ҳангоми ифтитоҳи марказ дар Маҷмааи олимпии Лужники дар пойтахт таъкид кард, ки теъдоди нуқтаҳои эмгузаронӣ васеъ ва шумораи одамоне, ки мехоҳанд ҳамарӯза аз вируси куруно эм карда шаванд, зиёдтар мешаванд. Ба гуфтаи шаҳрдор дар давоми як рӯзи охир дар шаҳр беш аз 105 ҳазор нафар воксин гирифтанд, ки ин ба кор даровардани иқтидорҳои иловагиро талаб мекунад.

Шаҳрдорӣ хотиррасон кард, ки чанде пеш дар шаҳри Маскави нав дар минтақаи  Сахарово ва Маркази савдои Садовод ду нуқтаи эмгузаронӣ барои муҳоҷирон ба фаъъолият оғоз карданд, ки метавонанд дар як рӯз тақрибан чор ҳазор нафарро қабул кунанд.

“Ин хеле ночиз аст ва азбаски  талабот барои гирифтани воксин зиёд аст, аз ин рӯ имрӯз мо ин маркази ҷадидро боз кардем. Ман фикр мекунам ин яке аз калонтарин нуқтаҳои воксингирӣ  дар ҷаҳон аст. Иқтидори умумии ин марказ дар як рӯз тақрибан 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки иқтидораш назар ба  Гостиный Двор, ки чанде пеш боз  карда будем, 2,5 баробар зиёд аст. “- гуфт шаҳрдори Маскав Сергей  Собянин.

Ғайр аз ин, аз 7 июли соли 2021 шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба нуқтаҳои эмгузаронӣ, ки дар заминаи шуъбаҳои пулакии 25 поликлиникаи шаҳрӣ боз шудаанд, муроҷиат кунанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *